Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 10)

Илм

ХАТОҲОИ МАНТИҚӢ

ХАТОҲОИ МАНТИҚӢ, дар ҷараёни фикр аз рӯи беэҳтиётӣ ва беғаразона вайрон кардани қоидаю қонунҳои мантиқро гӯянд. Онҳо ба 3 гурӯҳ тақсим мешаванд: 1) ҳангоми хулосабарорӣ, агар қазияи исбот тағйир ёбад, ба ҷои қазияи исботшаванда қазияи дигар собит мешавад. Чунин шакли хатои мантиқиро маъмулан дар лаҳзаҳои ғайриимкон будани исботи тезиси пешниҳодшуда …

Муфассал »

ХАТИ ЮНОНӢ

greek_language1

ХАТИ ЮНОНӢ, хатест, ки аз он дар асрҳои 10—8 то мелод юнониёни қадим истифода мебурданд ва ҳоло бо андаке тағйирот дар забони ҳозираи юнонӣ нигоҳ дошта шудааст. Манбааш хати финиқист. Юнониён хати финиқиро ба забонашон моҳирона мутобиқ карда, бори аввал дар таърихи хат барои ифодаи садонокҳо ҳарфҳои алоҳидаро ворид намуданд, …

Муфассал »

ХАТИ ХОРАЗМӢ

ХАТИ ХОРАЗМӢ, хатест, ки аз он барои сабти осори забони хоразмӣ истифода шудааст. Манбааш хати оромист. Ба хати суғди ва хати портӣ шабоҳат дорад. Қадимтарин осори он ба асрҳои 3—2 то мелодӣ тааллуқ дорад. Ҳуҷҷатҳои мансуб ба асрҳои 3— 4 ва 8, ки аз Тӯпроққалъа ба даст омадаанд, ҳамчунин катибаҳои …

Муфассал »

ХАТИ ФОРСИИ ҚАДИМ

ХАТИ ФОРСИИ ҚАДИМ, системаи хати ҳиҷоии мехист, ки аз он барои сабти осори забони форсии қадим истифода шудааст. Манбаъҳои пайдоиши хати форсии қадим аниқ муайян нагардидаанд. Ҷиҳати асосие, ки ин хатро ба хатҳои мехии эламӣ ва аккадӣ қаробат додааст, истифода шудани аломати мехмонанд чун унсури хат мебошаду бас. Шоҳ Дорои …

Муфассал »

ХАТИ ФИНИҚӢ

ХАТИ ФИНИҚӢ, як навъ хатест, ки финиқиҳо, карфагениҳо, яҳудиёни қадим ва дигар дар давлатҳои қадимии Финиқия, Сурия, Фаластин,қисман дар Миср, ҷазираи Кипр Киликия (вилояте дар Осиёи Хурд), Карфаген ва ғайра истифода мекарданд. Осори хати финиқӣ ба нимаи дуюми ҳазораи 2 то мелод— асри 4 то мелод мутааллиқанд. Сарчашмаҳои пайдоиши хати …

Муфассал »

ХАТИ ТАСВИРӢ

hati-tasvir

ХАТИ ТАСВИРӢ, пиктография, хатест, ки дар он матлабу мақсад дар шакли тасвир ифода мешавад. Аз рӯи аломатҳои хати тасвирӣ, ки аз аксҳои гуногун иборатанд, забонеро надониста, хати онро хондан мумкии аст. Дар хати тасвирӣ аломатҳои шартӣ, рамзӣ мустаъмаланд: тасвири ду дили ба ҳам пайваст — «ишқ», чоркунҷаи дохили доира — …

Муфассал »

ХАТИ СУҒДӢ

220px-sogdian_christian_text_written_in_estrangelo

ХАТИ СУҒДӢ, хатест, ки аз он барои сабти осори забони суғдӣ истифода шудааст. Дар асоси хати ороми ҳазораи 1 то мелод дар Суғди Қадим юстироъ шуда, 23 аламатро дар бар мегирифт. Нахустин осори он ба асри 1 то мелодӣ мансуб аст. Аломатҳои хати суғдиро нахустин бор олими франсавӣ Р. Гото …

Муфассал »

ХАТИ СУРИЁНӢ

ХАТИ СУРИЁНӢ, хатест, ки барои сабти осори забони суриёнӣ истифода мегардид. Дар заминаи хати оромӣ пайдо шуда, ба монанди он 22 ҳарфи ҳамсадоро дар бар мегифт. Дар осори хаттии мансуб ба асрҳои 1-2 ҳарфҳо аз якдигар ҷудо ва равшану хоно навишта шудаанд. Вале баъдтар ҳарфҳои ба якдигар васлшуда зиёдтар гардиданд. …

Муфассал »

ХАТИ РОСТ

ХАТИ РОСТ, як мафҳуми асосии геометрияро гӯянд. Ҳангоми аз нуқтаи назари геометрия баён кардани ягон ҳодиса хати рост чун як мафҳуми ибтидоӣ истифода мешавад.

Муфассал »

ХАТИ ПОРТӢ

ХАТИ ПОРТӢ, хатест, ки аз он барои сабти осори забони портӣ истифода бурда мешуд. Алифбои портӣ тамоми 22 ҳарфи хати оромиро бо баъзо тағйирот дар бар мегирифт. Шакли ҳарфҳо дар катибаҳои сафолпораҳо, ки аз Нисо, Камис ва Қӯшатеппа ба даст омадаанд, ба хати «империягии оромӣ» (хате, ки дар давлати Ҳахоманишиён …

Муфассал »