Маълумоти охирин

Илм

Таблиғот ё худ реклама чист?

реклама чист

Рекламаро ба тоҷикӣ таблиғот мегуянд! Моҳияти таблиғ Калимаи таблиғ решаи худро аз калимаи лотинӣ гирифта, маънояш «фарёд задан», «фарёд кардан» мебошад. Консепсияи муосири таблиғ таъсири шабеҳро дар назар дорад: интиқол додани маълумот, сухан гуфтан. Синонимҳо, дуруст? Реклама як намуди иртибот дар соҳаи маркетинг байни муштарӣ ва таблиғкунанда бо мақсади паҳн …

Муфассал »

КИТОБИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ (АБӮҲАНИФА)

kitob

Китобе, ки дар дасти мубораки хонандаи азиз ва пешорӯйи дидагони борикбини аҳли назар қарор гирифтааст, дар таърихи мазҳабшиносии тоҷик падидае дигар буда, дар он ба таври муфассал андешаҳову нигоштаҳои муҳаққиқи исломшинос – Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр (Тӯраев Бурҳониддин Бузургович) оид ба аҳвол ва осори лозаволи яке аз барҷастатарин шахсиятҳои олами Ислом …

Муфассал »

САХТӢ

САХТӢ, муқовимати ҷисми сахтро ба фишор ё харошидан гӯянд. Сахтӣ собитаи физикӣ набуда, балки яқ навъ хосияти ҷисм аст, ки ҳам ба мустаҳкамию чандирияти малериал ва ҳам ба усули андозагирӣ вобаста аст. Дар минералогия Сахтӣро аз рӯи шкалаи Моос муайян мекунанд.

Муфассал »

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои аз ҷиҳати оптикӣ фаъол (асосан қанд) муайян карда мешавад. Шартҳои ченкуниро дар Сахаметрия стандартӣ кунонида, шкалаи асбоби ченкунанда (сахариметр)-ро тавре дараҷабандӣ мекунанд, ки ғилаати маҳлул бо % ифода шавад. Рилзати қандро аз рӯи Шкалаи байналхалқии …

Муфассал »

САТҲ (дар математика)

САТҲ (дар математика), яке аз мафҳумоти асосии геометрия аст, ки дар фаслҳои мухталифи он маъноҳои гуногун дорад: 1) мафҳумҳои ҳамворӣ, бисӣёррӯя, инчунин баъзе сатҳҳои каҷро дар геометрияи мактабӣ меомӯзанд. Ҳар як Сатҳи каҷ бо усули махсус, бештар чун ҷои геометрни нуқтаҳое, ки ягон шартро қонеъ мегардонанд, таъриф дода мешавад. Масалан, …

Муфассал »

САФАР

САФАР (арабӣ — тиҳӣ, холӣ), моҳи дуюми солшумории қамарии ҳиҷрӣ, ки аз 30 рӯз иборат аст. Дар ин моҳ арабҳо хонаҳои худро холӣ гузошта, ба ҷанг мерафтанд, аз ин ҷост, ки ин моҳ Сафар ном гирифтааст. Мувофиқи ақидаҳои динӣ Сафар бехосияттарин моҳ ба шумор рафта, мӯътақидони дину оин дар зарфи …

Муфассал »

САФАВИЯ

САФАВИЯ яке аз силсилаҳои тасаввуфро гӯянд, ки дар давраи ҳаракати пайравони мазҳаби шиа (асри XIII) дар Эрон ба вуҷуд омадааст. Асосгузораш Сафиуддин Исҳоқи Ардабилист (1252—1334). Сулолаи сафавиён ба сари ҳокимияти Эрон омада, худро сайид ва пешвои силсила шайх Сафиуддинро насли 21-уми имоми ҳафтуми аҳли шиа — Мусон Козим эълон карданд. …

Муфассал »

САТҲҲОИ ТАРТИБИ ДУЮМ

САТҲҲОИ ТАРТИБИ ДУЮМ, сатҳҳоеанд, ки координатаҳои росткунҷаи декартии нуқтаҳояшон аз рӯи муодилаи алгебравии дараҷаи дуюм муайян карда мешаванд. Муодилаи (*) образи ҳақиқии геометрӣ набуданаш ҳам мумкин аст, вале дар чунин мавридҳо барои умумияти мафҳум мафҳуми сатҳҳои тартиби дуюми мавҳумро истифода мебаранд. Вобаста ба қиматҳои коэффисиентҳои муодилаи умумии (*) онро тавассути …

Муфассал »

САТҲҲОИ КЕҲИН

САТҲҲОИ КЕҲИН сатҳҳои минималӣ, сатҳҳоеанд, ки каҷии миёнаи ҳар як нуқтаашон ба сифр баробар аст (нигаред, Каҷӣ). Сатҳҳои кеҳин ҳангоми баррасии масъалаи вариатсионии зерин пайдо мешаванд: дар фазо ягон хати каҷи сарбаста дода шудааст; дар байни ҳамаи сатҳҳои имконпазирӣ аз хати каҷи мазкур гузаранда сатҳеро бояд интихоб кард, ки қисми …

Муфассал »

САТҲИ РИМАН

САТҲИ РИМАН яке аз мафҳумҳои асосии назарияи функсияҳои тағйирёбандаҳояш комплексист. Ин мафҳумро соли 1851 Б. Риман бо мақсади ба ҷои функсияҳои бисёрқимата омӯхтани функсияҳои таҳлилии якқиматаи нуқта дар сатҳҳои римании мувофиқ ба математика дохил кардааст. Нигаред, низ Функсияҳои таҳлилӣ.

Муфассал »