Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 397)

Гуногун

Лидия

Лидия

ЛИДИЯ (юн. Lydia) – мамлакати кадимае дар қисми ғарбии Осиёи Хурд (ҳозира Туркия) воқеъ буд. Аҳолии Лидия аз қабилаҳои лидиягиҳои ҳиндуевропоӣ иборат буда, ба яке аз забонҳои хеттулувӣ гап мезаданд. Лидия аз кони тилло бой буда, тақрибан асри 7 то мелод дар ин ҷо аввалин бор дар таърихи инсоният сикказании …

Муфассал »

Май

Май

МАЙ  ин  ҳамон « Бода», «Шароб», «Мусаллас», «Вино» ва «Нӯшокии спиртдор» буда, ки онро бо роҳи туршонидани ангуру меваҷот ҳосил мекунанд. Дар Тоҷикистон Майро асосан аз ангур тайёр мекунанд. Май туршиҳои органикӣ, пайвастҳои органикии фосфордор, намакҳои минералии калий, натрий, калтсий, магний, оҳан, ангиштоб, пайвастҳои нитрогендор, витаминҳо, ферментҳо ва микроэлементҳо дорад. …

Муфассал »

Маод

Маод

МАОД (аз забони арабӣ гирифта шуда маънояш «ҷои бозгашт», «саранҷом», «охират» мебошад), дар таълимоти динию фалсафӣ баъди вафот бозгаштани инсон, зиндагии баъди марг. Ба ақидаи аҳли дину диёнат одам баъди марг зинда мешавад ва гунаҳкорон ба дузаху бегуноҳон ба биҳишт мераванд. Машшоиён Маодҳои рӯҳониро тарафдорӣ намуда, Маодҳои ҷисмониро инкор кардаанд. …

Муфассал »

Майдони сурх

Майдони сурх

МАЙДОНИ СУРХ – майдони марказии шаҳри Москва (дар назди Кремл) мебошад. Майдони Сурхро қисми шақии деворҳои Кремл, бинои Универмаги давлатӣ, маъбади Василий Блаженный, бинои Музеи давлатии таърих иҳота кардаанд. Майдони Сурх асри 15 пас аз қалъабандии қасри Кремл шакл гирифт. Сараввал Торг (ҳамчун маркази савдо), аввали асри 16— Троицкая (аз …

Муфассал »

Лона

Лона

ЛОНА – ҷойест, ки паррандаҳо ва ҳайвонҳои дигар барои парвариши насл ва баъзан ҷӯй паноҳгоҳ ме­созанд.  Лонаро ба забони руссӣ «Гнездо» ва ба забони англисӣ «nest» меноманд. Лонаи ҳайвонҳо хеле гуногун аст: масалан Лонаи ҳаштпойҳо чуқурчаи бо санг иҳоташуда, тортанакҳо пиллаи аз тор бофташуда, занбӯрҳо чашмаки аз хок бо луоби …

Муфассал »

Лоҷвард

Лоҷвард

ЛОҶВАРД – Ложвард (ба забони руссӣ – лазурит), минерал, таркиби химиявиаш (Na, Ca)e [А1 Si04fe (S04, Cl, Sh. Дар сис­темаи куби кристал мебандад. Одатан дар шакли массаҳои яклухти донадори шингун, кабуд, бунафш, кабуди сабзранг ва баъзан дар шак­ли кристалл дучор мешавад. Сахтиаш 5,5—6,0; зичиаш 2380—2420 кг/м3. Лоҷвард дар контакти ҷинсҳои …

Муфассал »

Мадҳушӣ

nadhush_behush_yorii_aval

МАДҲУШӢ ё худ БЕҲУШӢ  –  ин ба муддати кӯтоҳ аз таъмини хун маҳрум шудани майнаи cap, ки дар натиҷаи он cap чарх зада, чашми кас сиёҳ мезанад ва кас бехуд мешавад. Сабаби Мадҳушӣ иллату нуқсони дилу рагҳо, бисьёр рафтани хун, хунукиии барзиёд ва ё гармии беҳад балланд, дарду ҳаяҷони сахт ва ғайра …

Муфассал »

Қасри Миллат

Қасри Миллат

Қасри миллат – дар маркази ш. Душанбе воқеъ аст ва қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Қасри миллат, қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сохтмони Қасри миллат дар ш. Душанбе соли 2002 дар майдони собиқ қароргоҳи (гарнизони) дивизияи 201 Федератсия Русия шурӯъ шуда буд. Дар сохтмони ин иншооти …

Муфассал »

МАДАДӢ

asri_miyona

МАДАДӢ, навъи андози пулӣ, ки асрҳои 15—19 ва ибтидои асри 20 аз аҳолии Осиёи Миёна ситонида мешуд. Дар сарчашмаҳо бо номҳои гуногун дучор меояд: мададӣ лашкар, номбардори қӯшун, ҷул. бар хилофи зари лашкарандози шаръӣ ва доимӣ, Мададӣ ёрдаме буд, ки фақат вақти ҷанг ҷамъ карда мешуд. Мададӣ асосан барои таъминоти …

Муфассал »

Лёнский Александр Степанович

odami_nomalum

Лёнский Александр Степанович (25. 3. 1910, деҳаи Нечаевкаи уезди Саранск, ҳоло РАСС Мордва — 7. 10. 1978, Москва), бастакори советӣ, педагог, Ходами Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1945). Аъзои КПСС аз соли 1953. Соли 1931 Техникуми мусиқии Ростовро ба итмом расонд. Соли 1937 шӯъбаи композитсия (назди Г. И. Литинский) ва дирижёрию …

Муфассал »