Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 32)

Гуногун

РОЯЛИСТОН

РОЯЛИСТОН (аз франсия royal — подшоҳӣ), тарафдорони ҳокимияти шоҳ, мутлақиятпарастон. Аввалин бор истилоҳи «Роялистон»-ро дар давраи Револютсияи Кабири Франсия барои ифодаи тарафдорони мутлақияти Бурбонҳо ба кор бурдаанд.

Муфассал »

РОШИДӢ

РОШИДӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири нимаи дуюми асри 11 форс-тоҷик. Ном ва баъзе лаҳзаҳои ҳаёти Рошидӣ (бо тӯҳмате ба ҳабс афтоданаш, вафоти фарзандаш) тавассути маълумот ва ишораҳои ҳамасрони ӯ, махсусан қасоиди Масъуди Саъди Салмон, то замони мо боқӣ мондааст. Тазкираҳо дар бораи ӯ ҳеҷ гуна маълумоте надодаанд. Рошидӣ …

Муфассал »

РОШАЛ Григорий Лвович

РОШАЛ Григорий Лвович (20.10. 1899, Новозибков, ҳоло вилояти Брянск —12; 8. 1983, Москва) режиссёри кинои советӣ, педагог. Артисти Халқии СССР (1967). Аз соли 1925 режиссёри кино. Филми нахустинаш «Ҷанобон Скотининҳо» (1927, ва рӯи мазҳакаи Д. И. Фонвизин «Ноболиғ»). Оҳангҳои гражданин, ки ба эҷодиёти Рошал хос аст, дар филмҳои зидди- фашистии …

Муфассал »

РОФИЕВА Зебӣ

РОФИЕВА Зебӣ (1909, шаҳри Хуҷанд —24. 9. 1977, шаҳри Ленинобод), шоҳибоф, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960). Солҳои 1934—1968 пиллакаши Комбинати абрешими Ленинобод ва аз соли 1969 нафақахӯри шахсӣ буд. Рофиева дар муваффақиятҳои истеҳсолии комбинат ва тарбияи мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад. Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамо¬таи Президиуми Совети Олии РСС …

Муфассал »

РОУЛИНСОН Генри Кресвик

rg

РОУЛИНСОН (Rawlinson) Генри Кресвик (11. 4. 1810, Чадлингтон, Оксфорд—5. 3. 1895, Лондон), шарқшинос ва дипломати англис, яке аз асосгузорони ошуршиносӣ. Солҳои 1827—1839 дар ширкати британии Ост-Индия аввал дар Ҳиндустон баъд дар Эрон ҳамчун офитсер хизмат кардааст. Солҳои 1840—1843 намояндаи махсуси ҳукумати Англия дар Кандаҳор (Афғонистон), синас сафир дар Бағдод ва …

Муфассал »

РОТШТЁЙН Фёдор Аронович

РОТШТЁЙН Фёдор Аронович (26. 2. 1871, Каунас — 30. 8. 1953, Моск¬ва), муаррихи совети, ходими ҷамъиятӣ, дипломат, акад. АФ СССР (1939). Аъзои КПСС аз 1901. Солҳои 1890—1920 дар Британияи Кабир муҳоҷир буд, дар ҳаракатҳои коргарии Англия фаъолона иштирок дошт. Солҳои 1895—1911 аъзои Федератсияи сотсиал- демократҳо (аз 1907—Партияи сотсиал – демократӣ), …

Муфассал »

РОССИНИ Ҷоаккино Аптонио

250px-rossini-portrait-0

РОССИНИ (Rossini) Ҷоаккино Аптонио (29. 2. 1792, Пезаро —13. И. 1868, Пасси, наздикии Париж), бастакори италиявӣ. Маълумоти мукаммали мусиқиро дар литсий мусиқии Болоня гирифтааст (1806— 1810). Аз соли 1806 аъзои Академияи филармонии Болоня. Бо асари аввалинаш «Вексол барои никоҳ» (1810, Венетсия) ҳамчун бастакори опера шӯҳрат ёфт. Операҳои «Зинапояи абрешимин» (1812, …

Муфассал »

РОСИХ Мулло Сайидаҳмад

РОСИХ Мулло Сайидаҳмад (соли таваллудаш номаълум, Бухоро —вафоташ 1871, ҳамон ҷо), шоир ва донишманди тоҷик. Дар ҷавонӣ вафот кардааст. Росих дар шеър табъи равон, завқи ба¬ланд доштааст. Ба китобат низ машғул шудааст. Дар тазкираву баёзҳо ва фардиёти маҷмӯаҳо ва «Радоиф- ул-ашъор»-ҳои асри 19 ғазалҳо, рубояҳои ӯ мавҷуданд. Шеърҳояш бо забони …

Муфассал »