Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 31)

Гуногун

РУБИНЧИК Юрий Аронович

РУБИНЧИК Юрий Аронович (таваллудаш 10. 11. 1923, Москва), забоншиноси советӣ, доктори илмҳои филология (1977). Баъди хатми Институти умумииттифоқии забонҳои хориҷӣ (1945) чанде дар он ҷо муаллим буд. Солҳои 1956—1961 ходими илмии Институти шарқшиносии АФ СССР. Аз соли 1961 ходими калони илмии ҳамин Институт. Дар асарҳои Рубинчик ҷихатҳои гуногуни забони форсӣ …

Муфассал »

Рюбенс Питер Пауэл

РУБЕНС, аниқтараш Рюбенс (Rubens) Питер Пауэл (28. 6. 1577, Зиген, Германия —30. 5. 1640, Антвер¬пен), рассоми фламандӣ. Санъати рассомиро аз Т. Верхахт (1591), А. ван Норт (1591—1994), 0. Вениӯс (ван Вен, тақрибан 1594—1598) омӯхтааст. Солҳои 1600—1608 дар Италия (Рим, Маптуя, Генуя) мезист. Баъди ба Антверпен баргаштан, аз соли 1609 саррассоми …

Муфассал »

РОҲИБ Мирзоҷаъфари Таботабоӣ

РОҲИБ Мирзоҷаъфари Таботабоӣ (1707, Исфаҳон — 1764), шоири эронӣ. Бобояш Рафеои Ноинӣ донишмагди фозили замони худ будааст. Роҳибро тавкиранигорони Ҳиндустон (ӯ якчанд сол дар он кишвар зистааст) чун шоири дорои табъи баланд ва маҳфилорову хушсӯҳбат тавсиф намудаанд. Маҷмуаи ашъори Роҳиб мураттаб нагардидааст. Ба қавли тазкиранигорон миқдори абёти Роҳиб дар ҳудуди …

Муфассал »

РОҲИ ОҲАНИ ОРЕНБУРГ—ТОШКЕНТ

rohi-ohan

РОҲИ ОҲАНИ ОРЕНБУРГ—ТОШКЕНТ, роҳи оҳани муқаррариест байни Оренбург — Тошкент. Солҳои 1901—1906 сохта шудааст. Тӯлаш 1736 чақрим (970 чақрим ба вилояти Сирдарё ва қисми шимолу шарқии соҳилҳои баҳри Арал тӯл мекашад). Аз Кинел то Оренбург (354 чақрим) низ роҳи оҳан сохта шуд. Соли 1906 хатти умумии роҳи oҳан ба 2090 …

Муфассал »

РОҲИ АВТОМОБИЛ

РОҲИ АВТОМОБИЛ, комплекси иншооте, ки барои ҳаракати нақлиёти автомобили таъин шудааст. Роҳи автомобил вобаста ба миқдори миёнаи шаборӯзии ҳаракати дутарафаи автомобилҳо ба 5 категория тақсим мешавад. Унсурҳои асосии Роҳи автомобил: қитъаи замин, қисми мошингард, ки асос ва рӯпӯш дорад. Роҳҳои автомобилиро аз асфалту бетон, сементубетон (категорияҳои I— I I I), …

Муфассал »

РОҲАТИҶОН

РОҲАТИҶОН, як навъ ширинии тоҷикист. Зимистон барф ё яхро дар таҳхонаҳо захира мекунанд. Дар фаслҳои баҳору тобистон онро бо қошуқи филизии дандонадор тарошида, ба табақчаҳо мегиранд ва ба рӯяш шиннӣ рехта, истеъмол меку¬нанд. Роҳатиҷон дар байни тоҷикони Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Панҷакент ва шаҳрҳои дигари Осиёи Миёна аз асрҳои миёна маълум …

Муфассал »

«РОҲАТ-УС-СУДУР ВА ОЯТ-УС-СУРУР»

«РОҲАТ-УС-СУДУР ВА ОЯТ-УС-СУРУР» асари таърихии Наҷмуддии Муҳаммади Ровандӣ, ки соли 1221 таълиф шудааст. «Роҳат-ус-судур ва оят-ус-сурур» ба шарҳи воқеаҳо ва таърихи салтанати хонадони салҷуқӣ (аз ибтидои барқароршавии сулолаи Салҷуқиён то инқирози он) бахшида шудааст. Муаллиф зимни баёни воқеаҳои таърихӣ аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мисолҳо оварда, дар охири асар вазъи сиёсии …

Муфассал »

РОҚИМ Қорӣ Мирзо Муҳаммадмуқим

РОҚИМ Қорӣ Мирзо Муҳаммадмуқим (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1907), шоири тоҷик. Писари Мулло Абдураҳими Котиби Бухорӣ. Дар ҷавонӣ илмҳои расмии замонашро аз худ карда ва шӯҳрат ёфтааст. Роқим дар шеър табъи баланд дошт. Шеърҳоиш бо самимияту латофат суруда шудаанд.

Муфассал »

РОҚИМ Мирсаид Шариф

РОҚИМ Мирсаид Шариф (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва таърихнависи тоҷик (асри 17). Аз оилаи мансабдор. Дар Самарқанд зиндагӣ, таҳсил ва эҷод кардааст. Чанде аз қасидаву ғазал ва рубоиҳои Роқим дар тазкираву баёзҳои асрҳои 17—19 дарҷ ёфтаанд, ки аз истеъдод ва табъи баланди шоирии ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Девони Роқим …

Муфассал »

РОҚИМ Мирзо Саъдуддин Муҳаммади Машҳадӣ

РОҚИМ Мирзо Саъдуддин Муҳаммади Машҳадӣ (соли таваллудаш номаъ-лум, Машҳад—вафоташ 1689 ҳамон ҷо), шоири эронӣ. Дар зодгоҳаш, инчунин шаҳри Ҳирот таҳсили илм кардааст. Баъд аз хатми таҳсил Роқим, зоҳиран, ба хидмати дарбор роҳ ёфт, ва¬ле дар ин ҷо ба тазйиқу ҳуҷуми шоирони маддоҳу ҷасуд дучор омад. Аз даста ин гуна нокасон, …

Муфассал »