Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 28)

Гуногун

РУХШОНА

РУХШОНА, Р у х ш о н а к (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), духтари сарлашкари Суғд Оксиарт. Мувофиқи маълумотҳои атиқӣ баҳори соли 327 то мелод Искандари Мақдунӣ қалъаи кӯҳии Суғдро забт намуда, аҳли оилаи Оксиартро асир мекунад ва ба Рухшона, ки ниҳоят зебо будааст, ошиқ шу¬да, ӯро ба занӣ …

Муфассал »

РУСТАМОВА Зебуннисо

ze-rustamo

РУСТАМОВА Зебуннисо (таваллудаш 29. 1. 1955, шаҳри Душанбе), варзишгари советии тоҷик. Устоди Хизматнишондодаи Спорти СССР (1975), чемпиони ҷаҳон оид ба камонварӣ (1975). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1975. Факултети таъриху филологияи тоҷики Институти давлатии педаго¬гии Душанберо хатм карда (1976) дар кафедраи пси¬хология ба кор монд. Рустамова аз солҳои …

Муфассал »

РУСТАМОВ Шарофиддин

РУСТАМОВ Шарофиддин (таваллудаш 1. 5. 1931, деҳаи Нигноти райони Панҷакент), забоншиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1972). Аз оилаи колхоз¬чӣ. Аъзои КПСС аз соли 1955. Институти давлатии педаго¬гии Душанберо тамом кардааст (1954). Солҳои 1954 —1961 дар райони Колхозчиён ва шаҳри Панҷакент муаллим, директори мактаби миёна, муҳаррири газета, котиби комитет иҷроия …

Муфассал »

РУСТАМОВ Раҳмат

РУСТАМОВ Раҳмат (таваллудаш 16. 3. 1909, деҳаи Майдони ҳозира райони Файзобод), пахтакор, Қаҳрамори Меҳнати Сотсиалистӣ (1948).Солҳои 1929—1944 колхозчӣ, 1944—1947 сардори звено, 1947—1957 сардори бригадаи пахтакори, 1957- 1967 колхозчии колхози «Съезди 22-уми партия»-и райони Ленин ва аз соли 1967 нафақахӯри шахсӣ. Звенои Рустамов солҳои 1946—1947 ҳосили фаровони пах-та рӯёнд. Бо ордени …

Муфассал »

РУСТАМИ ХУРИЁНӢ Хоҷа Низомуддин

РУСТАМИ ХУРИЁНӢ Хоҷа Низомуддин (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1430), шоири форс-тоҷик. Дар Хуриёни Бастон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Рустами Xуриёнӣ дар дарбори подшоҳони темурӣ хидмат кардааст Мувофиқи маълумоти тазкираҳо девони Рустами Xуриёнӣ дар замони зиндагиаш маъруф буда, навъҳои гуногуни шеърро дар бар мегирифтааст. Шоир дар сурудани қасидаву ғазал табъи …

Муфассал »

РУСТАМБЕК

РУСТАМБЕК (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1858), ҳокими Ӯротеппа (1848— 1849; 1852—1853; 1854—1858), писари Маҳмудбек бийи Хоҷа Аҳрорӣ. Маъхазҳои таърихии асри 19 сохтмони бисёр биноҳои шаҳри Ӯротеппа, аз он ҷумла Мадраса ва корвонсарой, ки ба номи ӯ мебошад, инчунин саломхона ва ҳаммомро ба Рустамбек нисбат медиҳанд. Яке аз гузарҳои шаҳри …

Муфассал »

РУСТАВЕЛИ Шота

РУСТАВЕЛИ Шота (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири гурҷии асри 12, муаллифи достони «Палапгинапӯш». Оид ба тарҷумаи ҳоли Руставели маълумоти аниқ кам боқӣ момдааст. Маълумоти асосӣ пешгуфтори достонаш аст, ки ба малика Тамара (1184— 1213) ва шавҳари ӯ Довуди Сосланӣ бахшида шудааст. Аз ин маълумот бармеояд, ки Руставели тақрибан байни …

Муфассал »

РУССО Жан Жак

zhan

РУССО (Rousseau) Жан Жак (28. 6. 1712, Женева —2. 7. 1778, Эрменон- вилояти наздикии Париж) файласуф, маорифпарвар, нависанда ва бастакори франсавӣ. Аввалин асарҳои фалсафию сиёсиаш Руссоро шӯҳратманд гардонданд. Асарҳои барҷастаи Руссо «Муҳокима дар бораи илм ва санъат» (1750), махсусан «Муҳокима дар бораи пайдоиши нобаробарӣ байни одамон» (1755), ки Ф. Эн¬гелс …

Муфассал »