Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 20)

Гуногун

САККОКӢ

САККОКӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири ӯзбек (асри 15). Ном ва аслу насабаш номаълум. Дар доираи адабии Самарқанд нашъунамо ёфтааст. Саккокӣ яке аз поягузорони қасида дар адабиёти ӯзбек мебошад (мамдӯҳонаш — султон Халил (ҳукмрониаш 1405—1409), Улуғбек (ҳукмрониаш 1409 —1449). Дар шахси Улуғбек шоир ҳукмрони идеалии маърифатдӯсту соҳибфарҳанг ва ҳомии …

Муфассал »

САЙҚАЛДИҲӢ

schlifovka

САЙҚАЛДИҲӢ (аз арабӣ — ҷило додан), пардоз додани масолеҳ бo мақсади ҷилодор кардани oн ва то андозаҳои матлуб расонидани маснуот. Масмуоти металлиро – дар дастгоҳҳои сайқалдиҳӣ бo ёрии гирдаҳои нарми матоъпӯш, ки бo суръати калон чарх мезананд ва ё бo наворҳои тезҳаракате, ки ба сатҳашон хамараҳои сайқалдиҳанда мо¬лида шудааст, сайқал …

Муфассал »

САЙЯН Луи

САЙЯН (Saillant) Луи (27.11. 1910, Баланс, департаменти Дром — 28. 10. 1974, Париж), ходими ҳаракати иттифоқҳои касабаи Франсия ва байналхалқӣ. Аз оилаи коргар. Ихтисосаш мебелсоз. Сайян 1937 котиби Федератсияи миллии коргарони чӯбкор, 1938 аъзои Комиссияи маъмурии Конфедератсияи умумии меҳнат (КУМ)-и Франсия интихоб шуд. Сайян дар давраи аз тарафи фашистони немис …

Муфассал »

САЙЪУН

САЙЪУН (арабӣ), воҳиди вазнест дар тибби қадим, ки ба 2,5 мисқол (10, 625 г) баробар аст.

Муфассал »

САЙФӢ-Амир Ёдгорбек

САЙФӢ-Амир Ёдгорбек (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1465/1466), шоири форс-тоҷик. Аз авлоди амирзодагони темурӣ. Ба қавли тазкиранависон аз хидмати дарбор худро канора гирифта бо донишмандон муошират мекард. Шахси хоксор ва фурӯтан буд. Аз Сайфӣ якчанд ғазал ва байтҳои пароканда тавассути тазкираҳо ва баёзҳо боқӣ мондаанд, ки шоҳиди маҳорати баланди ӯ …

Муфассал »

САЙФУЛЛОЕВ Атахон

САЙФУЛЛОЕВ Атахон ( таваллудаш 1. 5. 1933, Хуҷанд, ҳозира шаҳри Ленинобод), муннақид ва адабиёшиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1979), Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷикистон (1983). Аз оилаи хпзматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1962. Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст (1954). Ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти АФ РОС …

Муфассал »

САЙФУЛЛИН Сакен

САЙФУЛЛИН Сакен (Саъди Ваққос; 12. 6. 1894—1939), нависандаи советии қазоқ, арбоби давлатӣ. Аъзои КПСС аз соли 1918. Раиси Совети Комиссарони Халқии РССА Қазоқистон (1922—1925), аъзои КИМ-и Умумироссия (ВЦИК). Солҳои 1913—1916 дар семинарияи м у а л л и м и и Омск таҳсил намудааст. Асарҳояш аз соли 1910 нашр шудаанд. …

Муфассал »

САЙФУДДИНИ ДЕҲЛАВӢ

САЙФУДДИНИ ДЕҲЛАВӢ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1582), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Гузаштагони Сайфуддини Деҳлавӣ аз Бухоро буда, баъдтар сокини Ҳиндустон шудаанд. Баробари Сайфуддини Деҳлавӣ падар ва писараш аз донишмандон ва мутасаввифони машҳури замон ба шумор мерафтанд. Сайфуддини Деҳлавӣ муриди Шайх Амонуллоҳи Понипатӣ будааст. Сайфуддини Деҳлавӣ асарҳои манзум (ғазал, рубоӣ, …

Муфассал »

САЙФУДДИНИ БОХАРЗӢ

САЙФУДДИНИ БОХАРЗӢ (1190, деҳаи Бохарзи вилояти Хуросон —1261 деҳаи Фатҳободи вилояти Бухоро), яке аз намояндагони тасаввуфи асри 13. Дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии Осиёи Миёна мақоми калон дошт. Дар мадрасаҳои Ҳирот ва Нишопур таҳсил кардааст. Фаъолияташро дар Хоразму Бухоро гузаронида, ба дараҷаи «Шайхулолам» расидааст. Бино ба маълумоти муҳаққиқони асрҳои миёна …

Муфассал »