Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 18)

Гуногун

САЛМОНИ ҲАМАДОНӢ

САЛМОНИ ҲАМАДОНӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти асрҳои 16—17 форс-таҷик. Чанд муддат дар Шероз ҳаёт ба cap бурдааст. Аз намунаи китобати вай як нусха девони Салмони Соваҷӣ дар Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе маҳфуз аст. И. Калонов.

Муфассал »

САЛМОНИ СОВАҶӢ

САЛМОНИ СОВАҶӢ Ҷамолуддин Хоҷа Салмон ибни Хоҷа Алоудлини Муҳаммад (1310, қарияи Соваи Ироқи Аҷам—1376, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Илмҳои расмии замон, махсусан илми шеър, забон ва адабиёти араб, ҳисобро ба ёрии падараш аз худ намудааст. Салмони Соваҷӣ шеърнависиро аз хурдсолӣ cap карда, дар айёми ҷавонӣ дар байни аҳли сухан обрӯю …

Муфассал »

САЛМАНАСАР

САЛМАНАСАР, номи шоҳони Ошур: Салманасар I, тақрибан cолҳои 1280—1260 то мелод ҳукмрондааст. Муборизаро бо давлати Митониён, ки падараш Ададнирари I cap карда буд, давом дод. Қӯшунҳои Митониён ва дастаҳои ёрирасони хеттҳо ва оромиҳоро торумор намуд, асосан Митониёнро қир кард. Пешравии қӯшунҳон Салманасар I ба сарҳади Кархемиш, ки барои хеттҳо ва …

Муфассал »

САЛИМӢ

САЛИМӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 15). Оид ба ҷараёни зиндагии Салимӣ маълумоте дастрас нест. Салимӣ бо номи «Манбаи атвор», «Ширин ва Фарҳод» (1475) маснавиҳо таълиф карда, дар нияти навиштани «Маҷнун ва Лайлӣ» будааст. Дар ин бора худи ӯ чунин мегӯяд: Чу гуфтӣ «Манбаъ»-ӯ «Ширину Фарҳод», Зи …

Муфассал »

САЛИМӢ Алиакбар

САЛИМӢ Алиакбар (1900, Теҳрон—1972, ҳамон ҷо), шоири эронӣ. Аз оилаи донишманд. Илмҳот адабиёт, ҳуқуқ ва иқтисодро омӯхтааст. Салимо забонҳои арабӣ, англисӣ ва франсавиро хуб медонист. Ӯ газетаи «Иттилоогг» (1925), журналҳот «Мураббӣ» (1927), «Рулҳои рангоранг»-ро (1933) таъсис карда, дар пешрафти матбуот, маориф ва адабиёти Эрон саҳм гузоштааст. Ӯ мудири журнал «Таълим …

Муфассал »

САЛИМПОШШО

САЛИМПОШШО ( Хоҷасамеъбей (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), сардори дастаҳои босмачиёни Бухорои Шарқӣ, ҳамсафи Анварпошшо, офисери турк. Салимпошшо тирамоҳи 1922 бо дастаи ғоратгарон аз сарҳади Иттифоқи Советӣ гузашта, ба Қалъалхум ва баъд ба Ғарм меояд. Салимпошшо бо босмачиёни Мастчоҳ, Самарқанд, Фарғона, Бухорои Ғарбӣ алоқа мебандад. Декабри 1922 дастаҳои Салимпошшо шаҳри …

Муфассал »

САЛИМОВ Оқил Умурзоқович

САЛИМОВ Оқил Умурзоқович (24. 12. 1928, Тошкент), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1957. Институти политехникии Тошкентро хатм намудааст (1950). Доктори илмҳои техникӣ (1981). Солҳои 1954 —1965 ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедра, ҷонишини декан, декани факултети механикӣ, котиби комитети партиявӣ, проректори Институти политехникии Тошкент. …

Муфассал »

САЛИМОВ Нуриддин

САЛИМОВ Нуриддин (таваллудаш 1929, деҳаи Чортеппаи ҳозира райони Ленин), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1949). Солҳои 1946—1948 колхозчӣ, сардори звенои пахтакорӣ, 1948—1954 дар хизмати ҳарбӣ, 1951—1953 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1953-1965 колхозчии колхози ба номи Орҷоникидзеи райони Ленин, 1965 — 1968 коргари СУМ 23 ва аз соли 1968 коргари СУМ 29; звенои …

Муфассал »

САЛИМИИ ТУНӢ

САЛИМИИ ТУНӢ Мавлоно Тоҷуддин Ҳасан ибни Алӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1450), шоири форс-тоҷик. Дар Сабзвор умр ба cap бурдапст, аз ин рӯ бо нисбии «Сабзворӣ» низ ёд мешавад. Дар дарбори ҳукмрони давраш бо корҳои китобат ва иншо машғул буд. Пас аз чанде ин корро тарк карда, ба зиндагии …

Муфассал »