Главная / Биология (страница 98)

Биология

СУЛӢ

Oats with ears of cereal

СУЛӢ (Аvena), як навъ Ғалладонаест аз оилаи хушаиҳо. Бештарду намуди Сулӣ А. sativa, А. burantina)- ро мекоранд. Дар ҷаҳон соле қариб 30 млн га Сулӣ кишт мекунанд. Соли 1979 дар СССР ба 12,2 млн га Сулӣ коштанд. Сулӣ ашёи муҳими саноати хӯрокворист. Сулӣ ғалладонаи серғизост; 12—13%                сафеда,40—45% оҳар, қариб 4,5% …

Муфассал »

СУЛТОНӢ

sultani

СУЛТОНӢ, ҷавз, оқпар, шакарак, як навъ ангури миёнсолию дерпазакро гӯянд. Селекцияи халқӣ. Асосан дар раёнҳои водии Ҳисори Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, вилоятҳои Самарқанд, Сурхандарё, Тошкенти Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбекистон, ноҳияҳои токдории Ресспубликаи Совети Сотсиалистии  Туркманистон, Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Қазоқистон маъмул шудааст. Токаш тезсабз, 25- 30%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш миёна ва …

Муфассал »

СУЛЛА

sulla

СУЛЛА, эспарсети испанӣ (Неdusarum согоnarium), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи лӯбиёҳо. То 1 м қад мекашад, баргаш паршакл, гулаш қирмизӣ, мевааш ғилофак. Суллаи худрӯй дар мамлакатҳои баҳри Миёназамин мерӯяд. Онро дар Италия, Испанияи Ҷанубӣ, Францияи Ҷанубӣ, Алҷазоир ва Тувгис мепарваранд. Сулбияро чун хӯроки сабзи чорво (силос) ва нурии сабз истифода мебаранд. …

Муфассал »

СУЛБИЯ

sulbiya

СУЛБИЯ, сафедпардаи чашм, склера, байзия, пардаи берунии чашмро гуянд, ки аз бофтаҳои ғафсу зич иборат буда, вазифаи такягоҳ ва муҳофизатро иҷро мекунад. Дар таркиби Сулбияи аксар ҷонварони мӯҳрадор бофтаи тағояки паҳнакҳои устӯхонӣ мавҷуд аст, ки ҳалқаи сулбияшро ташкил медиҳанд (ғайр аз наҳанг ва обхокиҳою ширхӯрҳо). Сулбияи чашми одам аз бофтаҳои …

Муфассал »

Аспи СУКСУК

asp

СУКСУК, аспи бадгашт ва лӯикаеро гӯянд, ки дар вақти тез гаштан савори худро ҷунбонда ноорам мекунад.

Муфассал »

СУДОБИҲО

sudobiho

СУДОБИҲО (Rutaceae), як оилаи растаниҳои дупалла. Судобиҳо асосан буттатаву дарахт ва баъзе гиёҳҳоро дар бар мегиранд. Барги содда ё мураккаби хушбӯй, гули дуҷинса ё баъзан якҷинса, ғӯза, ғуҷуммева ва ғайра доранд. Ба Судобиҳо қариб 150 ҷинс (1600 намуд)-и растаниҳо мансубанд. Онҳо дар ноҳияҳои тропикӣ, субтропикива муътадил, хоса дар Африкаи Ҷанубӣ …

Муфассал »

СУДОБ

ruta

СУДОБ, садаб, садоб, садобӯ, садов, шодоб, хуфта, рута (Rutagraviolens), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи судобиҳо. Судоб растании заҳрнок            аст. Агар ба бадан расад, ширааш пӯстро мисли уган (юғая) шесӯзонад». Мисоли пудина             бӯитез ва хоса дорад. Аз гули хушкидааш бӯи садбарг меояд. Судоб асосан дар кишварҳои баҳри Миёназамин ва минтақаи иқлимаш мӯътадили …

Муфассал »

Зардолӯи СУБҲОНӢ

subhoni-zardolu

СУБҲОНӢ, як навъ зардолуи ҷойдорист. Ниҳолаш соли 8—9-ум ба ҳосил медарояд. Дарахташ баланд ва сершох. Охирҳои март гул мекунад, мевааш июн —июл мепазад. Мевааш калон-калони байзашакл (32— 35 г); зарди баланд, сершира, аз донакаш нағз ҷудо мешавад. 14—16% қанд, 0,5—0,8% ҷавҳар дорад. Аз ҳар бехи он то 400 кг ҳосил …

Муфассал »