Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 90)

Биология

ХУРЁК

xuryok

ХУРЁК, хирёк, хуйрок, хуйёк, хижрок, (Allium seravsehani- cum), як навъ пиёзи худрўест, ки чун тарра истеъмол мекунанд; аз рӯи таснифоти ботаника гиёҳи пиёзбехи бисёрсолаест аз оилаи пиёзиҳо. Пиёзаш мудаввар (бараш 1,5 см), пояаш 20—65 см қад мекашад. Як ё дуто барг дорад. Баргаш нештармонанд (бараш 1—3 см) ё нештаршакли эллипсӣ …

Муфассал »

ХУНСОӢ

ХУНСОӢ, хуносоӣ, хунасоӣ, дар як организм мавҷуд будани узвҳои ҷинсии нарина ва модинаро гўянд. Xунсоӣ дар ҳайвонот табиӣ ва ғайритабиӣ (патологӣ) мешавад. Хунсоии табиӣ асосан дар байни бемуҳраҳо дида мешавад. Ҳангоми чунин навъи Xунсоӣ дар организм ҳам хуҷайратухм ва ҳам нутфа ҳосил мешавад. Хунсоии ғайритабиӣ дар ҳамин гуруҳҳои ҳайвонот ва …

Муфассал »

ХУНРАВӢ

xunravi

ХУНРАВӢ, аз рагҳои хунгард шоридани хунро гўянд, ки дар натиҷаи захмдоршавӣ  ё беморӣ осеб ёфтаанд. Ҳангоми Xунравӣ ранги пуст ва пардаҳои луобӣ парида, cap чарх мезанад, бемадорӣ, нафаскутоҳӣ, ташнагӣ зоҳир мешавад; ҳангоми Xунравӣ фишори артериявӣ паст ва набз суст мешавад. Якбора ба миқдори зиёд (25% ҳаҷми хун) хун рафтан хатарнок …

Муфассал »

ХУНПАРТОӢ

xunpartoi

ХУНПАРТОӢ, аз узвҳои нафаскашӣ тарашшўҳи хунро гўянд. Xунпартоӣ ҳангоми касалиҳои шуш, сил, омос, газак, думмал, инфаркти шуш ва баъзе бемориҳои дилу системаи хун ва ғ. дида мешавад. Сабаби Xунпартоӣ захмдор ё кандашудани рагҳои хунгард, инъиқоди хун дар шуш ва афзудани тадохули девораҳои рагҳои борик мебошад. Ёрдамчии аввалин: беморро дар ҳолати …

Муфассал »

ХУНИ КАФТАР

angur1

ХУНИ КАФТАР, як навъ ангури маҳаллист. Токаш муътадил месабзад. Баргаш мудаввар, 5-парра, гулаш дуҷинса, хушааш миёна, донааш калон, сурхи сиёҳтоб ё сиёҳ, сершира (қандаш 20%), хуштаъм, пусташ ғафс (1— 3-то тухм дорад). Даври нашваш 140 145 рўз. Камҳосил (12-24 ц/га). Барои тархурӣ ва майкашӣ истифода мешавад. Бештар дар вилоятҳои Бухоро …

Муфассал »

ХУНИЧ

ХУНИЧ, бузрав (Mediasia macro-phylla), як навъ гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи чатргулҳо. Пояаш: рост (то 1,5м қад мекашад), сершох. Баргаш калон, сегўша. Гулаш майда (моҳҳои июн -авг. мешукуфад). Meавааш (дарозиаш то 7 мм) авг.—сент. мепазад. Xунич хоси Помиру Олой ваТиёншони Ғарбист. Дар Тоҷикистон (қ – кўҳҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, инчунин мавзеъҳои …

Муфассал »

ХУНГУЗАРОНӢ

xunguzaroni

ХУНГУЗАРОНӢ, гемотрансфузия, як усули муолиҷа (мас., ҳангоми бисёр талаф додани хун, боздоштани хунравӣ, бемориҳои хун ва ғ.) -ро гўянд, ки зимни он ба маҷрои раги бемор (реципиент) хуни донор (шахчи хундиҳанда) ё ҷузҳои он (массаҳои эритроцитӣ ё лейкоцитӣ ва ғ.), инчунин моддаҳои хунивазкунанда мефиристанд. Бо мақсади муолиҷа истифода намудани хун …

Муфассал »

ХУН

xun

ХУН, дам, моеъеро гўянд, ки дар рагҳои хунгарди ҳайвоноти муҳрадору одам ҳаракат мекунад. Яке аз вазифаҳои асосии Xун нақли газҳо (аз узвҳои нафаскашӣ ба бофтаҳо O2 ва аз бофтаҳо ба узвҳои нафаскашӣ СО2, ниг. Нафаскашӣ) мебошад. Xун инчунин глюкоза, аминокислотаҳо, намакхо ва диг. моддаҳои ғизоиро аз узвҳои ҳозима ба бофтаҳо …

Муфассал »