Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 8)

Биология

САЛЪА

САЛЪА (арабӣ — гиреҳи модда), дар тибби қадим ғурриеро гӯянд, ки дар зери пӯст пайдо мешавад. Номи диг. липома.

Муфассал »

САЛЪ

САЛЪ (арабӣ— кафидагии пой), салаъ, дар тибби қадим бемориеро гӯянд, ки ҳангоми oн пӯсти пойҳо мекафад.

Муфассал »

САЛПИНГООФОРИТ

salpingit

САЛПИНГООФОРИТ (аз юнонӣ salpinx — най, лӯла ва лотинӣ oophoron — тухмдон), илтиҳоби лӯлаи бачадон ва тухмдони ҳайвоноту одам. Ба Салпингоофорит бештар аз 60—65%-и занҳо гирифтор мешаванд. Барангезандаи Салпингоофорити одам кокков, чубчамикроби рӯда, микробактерияҳои сил ва дигар микроорганизмҳои беморизо мебошанд, ки ба лӯлаи бачадон ва баъд ба тухмдон дохил шуда, …

Муфассал »

САЛПИНГИТ

salpingit

САЛПИНГИТ (аз юнонӣ salpinx, salpingos— найча, лӯла), газаки лӯлаи (шайпури) бачадон. Ҳангоми аз бачадон ё узвҳои дигар ба воситаи хун паҳн шудани сироят пайдо мешавад (масалан, дар мавриди касалии сил). Иллат одатан аз пардаҳои луобӣ cap зада, ботадриҷ табақаҳои дигари лӯлаҳои бачадонро фаро мегирад. Беморӣ аксар вақт бардавом (музмин) мешавад. …

Муфассал »

Гиёҳи САЛОМАЛАЙКУМ

cyperus-rotundus-f-web-6-28-15_1443593685

САЛОМАЛАЙКУМ (Cypcrus rotundus), як гиёҳи маъмулест аз оилаи ғешаиҳо. Пояаш сеқирра, сершумор. 10—60 см қад мекашад. Баргаш борик, одатан нисбат ба поя кӯтоҳ, хӯшагулаш чатрмонанд (дарозиаш 3—10 см), пулакчабаргҳои гулаш бури сурхтоб, баъзан сабзтоб ё сафедча, дона («чормағзак»)-аш гирда ё байзашакли сеқирра, бӯри хокистарранг. Дар решапояаш лӯндачаҳои бисёр дорад, ки …

Муфассал »

САЛОБАТ

САЛОБАТ (арабӣ— сахтӣ), дар тибби қадим сахт шудани узверо гӯянд, ки ба сабаби баъзе бемориҳо воқеъ мегардад. Сахт шудани пилкҳои чашмро с а л о б а т у л а ҷ ф о н ва сахт шудани пистони занҳоро Салобати пистоди мегӯянд. Ниг.Склероз.

Муфассал »

САЛМОНЕЛЛАҲО

bakteriya

САЛМОНЕЛЛАҲО (аз номи пато¬логи америкоӣ Д. Э. Салмон, 1850— 1914), як ҷинси бактерияҳои қаламчашакли споранаофарро гӯянд, кн дарозиашон 1—7 мкм, барашон қа¬риб 0,3—0,7 мкм аст. Салмонеллаҳо ба аэробҳо мансуб буда, одатан ҳаракатноканд. Бештар дар рӯдаи ҳайвонот ва одам зиндагӣ мекунад. Зиёда аз 20 намудашон маълум аст, ки аксарашон барангезандаи тифи …

Муфассал »

САЛМОНЕЛЛËЗҲО

ruda

САЛМОНЕЛЛËЗҲО сирояти шадиди рӯдаи ҳайвоноту одам, ки салдеонеллаҳо (як ҷинси бактерияҳои қаламчашакли ҳогнаофаранда) меангезанд. Салмонеллёзҳо дар одам бемории муайянест, ки онро аз тифи шикамӣ (арақии шикампеч) фарқ мекунанд. Манбаи асосии он ҳайвонн касал, баъзан одам (одами касал ё зомили бактерия) мебошад. Салмонеллёзҳо одатан ба воситаи хӯрок (гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, шир, …

Муфассал »