Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 70)

Биология

ЭНДАРТЕРИИТИ МАСДУДКУНАНДА

endarteriit

ЭНДАРТЕРИИТИ МАСДУДКУНАНДА (аз эндо… ва артерия), бемории музмини рагҳоро гуянд, ки аз он бештар артерняҳои пой иллат меёбанд. Ҳангоми Э. м. рагҳо тадриҷан то пурра баста шудани равзанашон танг гардида, бофтаҳо маҳв мешаванд. Дарди шадид, рагкашӣ, лангидан ва тез хаста шудани пой зуҳуроти Э. м. мебошанд.

Муфассал »

ЭМФИЗЕМАИ ШУШ

emfizema

ЭМФИЗЕМАИ ШУШ, бемориест, ки зимни он шуш васеъ ва камҳаракат шуда, нафаскашию гпрдиши хунвайрон мешавад. Э. ш. модарзодию ғайримодарзодӣ, маҳдуду густурда ва шадиду музмин мешавад. Э. ш.-и ғайримодарзодӣ дар натиҷаи вайроншавии қобилияти гузаронандагии бронхҳо (мас., ҳангоми зиққи нафас) пайдо мешавад. Э. ш.-и густурдаи музмин аксар чун боқӣ бронхити музмин, зиққи …

Муфассал »

ЭМУ

emu

ЭМУ, эмумонандҳо (Dromicei idae), як навъ мурғи азммҷуссаро гуянд. Қадаш 1,5—1,8 м, вазнаш 45— 54 кг. Дар як соат то 45 км роҳ мепаймояд. Аз эмумонандҳо махсусан эму (Dromicei us novaehollan diae) маъмул аст; дар Австралия ва ҳаз. Тасмалия вомехурад. Тирамоҳ дар бехи буттаҳо лона месозад; 7—12 тухм мемонад. Тухмро …

Муфассал »

ЭМБРИОЛОГИЯ

embriology

ЭМБРИОЛОГИЯ (аз эмбрион ва …логия), як соҳаи илм аст, ки инкишофи то давраи ҷаннин (ҳосилшавии хуҷайраҳои ҷинсӣ), бордоршавӣ, инкишофи ҷанинӣ ва кирминагии организмҳоро меомузад. Э. ба Э.-и ҳайвоноту одам ва эмбриологияи растанӣ ҷудо мешавад. Э.-и ҳайвоноту одам вобаста ба вазифа ва усулҳои тадқиқот умумӣ, муқоисавӣ, таҷрибавӣ ва экологӣ мешавад. Ҳамаи …

Муфассал »

ЭМБРИОГЕНЕЗ

embriogenez

ЭМБРИОГЕНЕЗ, инкишофи ҷанин, инкишофи организми ҳайвонотро гуянд, ки дар тухм (берун аз организми модар ё андаруни он) ба амал меояд. Бордоршавӣ ибтидои Э. буда, дар организми модар, дар оби бачадон ба амал меояд. Давраҳои инкишофи тадриҷии ҷанини моҳӣ (А), чуҷа (Б), хук (В), одам (Г). Баъди бордоршавӣ тухм тадриҷан ба …

Муфассал »

ЭМБОЛИЯ

embolia

ЭМБОЛИЯ (аз юн. embole — партофтан, даромадан), ихтилоли бо хун таъмин гаштани организмро гуянд, ки дар натиҷаи раги хунгардро масдуд кардани заррачаҳои гуногун (ба истилоҳ эмболҳо) ба амал меояд. Э.-и артерияи шуш, рагҳои майна ва дил сабаби марг шуда метавонад.

Муфассал »

ЭЛЕУТЕРОКОКК

eleuterokokk

ЭЛЕУТЕРОКОКК, қаламфури ёбоӣ (Eleutherococcus senticocus), як навъ буттаи серхорест аз оилаи Araliaceae. То 3 м қад мекашад. Баргаш панҷашакл, гулаш майдаи зардтоб («моткин») ва бунафш («наркин») , мевааш ба ангури сагаки сиёҳ монанд аст (сент. мепазад). Дар бешазори кишвҳои Примория, Хабаровск в а ғ. мерӯяд. Аз қаламчаи навда ва решааш …

Муфассал »

ЭЛЕКТРОТЕРАПИЯ

electrotherapy

ЭЛЕКТРОТЕРАПИЯ, як соҳаи терапия, ки ба он фарадизация, гаванизация, дарсонвализация, диатермия ва ғ. дохил мешаванд. Э.-ро ҳаигоми бемориҳои системам асаб, мушак, банд, пуст ва узвҳои дарунӣ истифода мебаранд.

Муфассал »

ЭЛЕКТРОКАРДИОГРАФИЯ

elektrokardiografiya

ЭЛЕКТРОКАРДИОГРАФИЯ (аз электро, кардио… ва графия), усули тадқиқи мушакҳои дил тавассути ба қайд гирифтани потенциалҳои биоэлектрии дили коркунандаро гуянд. Импулси электрикие, ки дар гиреҳи синусии дил пайдо шуда, баъд ба ҳамаи миокард (мушаки дил) паҳн мегардад, ба воситаи электрокардиограф ба қайд гирифта мешавад. Мулҳание, ки дар лентаи қоғазин ё фотонавори …

Муфассал »