Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 60)

Биология

ПОЯ

poya

ПОЯ (caulis), узви растанӣ, ин дар он шоху барг ҷойгир шудааст. Ба воситаи поя моддаҳо дар байни баргу реша ҳаракат мекунанд. Пояи баъзе растаниҳо шаклашро дигар карда, вазифаҳои захира кардани обу моддаҳои ғизоӣ (лӯндаки кар­тошка), муҳофизат (хори дӯлона ва янтоқ), афзоиши нашвӣ (аҷириқ, қулфинай) ва ғайраро адо мекунад. Пояҳои яксола …

Муфассал »

ПОҒУРРА

ПОҒУРРА (поёнғурра), 1) бемориеро гӯянд, ки пои одамӣ монанди пои фил ғафс гардад; ниг. Доъул- фил. 2) ғурраеро гӯянд, ки дар ягон мавзеи бадан пайдо шавад. Инро дар урфият боғрӣ ҳам меноманд, ки шакли дурусташ боғуррӣ аст.

Муфассал »

ПОШӮЯ

ПОШӮЯ дар тибби қадим оберо гӯянд, ки дар он даво ҷӯшонида шуда бошад ва дар зарфе рехта пойҳои беморро то зону барои табри (хунук кардан), тақвияти аъзо ва ё суст кардани беморӣ дар он гузоранд.

Муфассал »

ПОПУЛЯТСИЯ

population

ПОПУЛЯТСИЯ (аз лотинӣ populus — халқ, аҳолӣ) дар генетика, эко­логия ва таълимоти э в о лю­тси о н ӣ, ҷамъи фардҳои як намуд, ки муддати дароз дар як мақони муайян зиндагӣ ё нумӯ мекунанд. Фардҳои як Популятсия байни якдигар ҷуфтӣ шуда метавонанд. Хусусияти асо­сии Популятсия ягонагии генетикии он аст. Баробари …

Муфассал »

ПОМИДОР

pomidor

ПОМИДОР (аз италиявӣ роmudoro, d’orо — себи тиллоӣ), ф о т и лаҷон, томат (Lycopersion), ҷинси гиёҳҳои як ё бисёрсола ё нимбуттаест аз оилаи авранҷиҳо; сабзавоти маъмул. Ватани Помидор— Америкаи Ҷанубӣ. Помидори худрӯй дар Перу, Эквадор ва Чили мерӯяд. Помидор дар тамоми мамлакатҳои дунё парвариш карда мешавад. Ба Европа (Испания, …

Муфассал »

ПОЛЛИНОЗҲО

polinozho

ПОЛЛИНОЗҲО, бемориҳои аллергиеро гӯянд, ки дар натиҷаи гарди гули растаниҳоро нафас кашидан пайдо мешаванд.  

Муфассал »

ПОЛИТСИТЕМИЯ

policitemiya

ПОЛИТСИТЕМИЯ (аз поли… ва юнонӣ kytos— гунҷоиш; дар ин ҷо ба маъ- иои ҳуҷайра, haima— хун), бемории музмини системаҳои хунофарро гӯянд. Зиёд шудани миқдори гемоглобин ва эритротситҳо дар хун (дар натиҷаи ихтилоли пайдоиши эритротситҳо), ҷигарӣ шудани рангу рӯи бемор ва ғайра нишонаҳои асосии Политситемия мебошанд. Хунравӣ ва тромбози рагҳо боди …

Муфассал »

ПОЛИФАГИЯ

polifagy

ПОЛИФАГИЯ (аз поли… ва юнонӣ  phylon— хурдан, баднафс), 1) Полифагияи  о д а м — аз ҳад зиёд истеъмол намудани хӯрок. Полифагияи дар натиҷаи талаботи зиёди организм ба каллория ва сафедаҳо (массалан, пас аз гуруснагии дурудароз, баъди кори вазнини ҷисмонӣ, касалиҳои сироятйӣ) ё ҳангоми баъзе касалиҳо (диабети қанд) рӯй медиҳад. …

Муфассал »

ПОЛИПРАГМАЗИЯ

poliprogmaziya

ПОЛИПРАГМАЗИЯ (аз поли… ва  pragma—ашё, чиз), дар як вақт ба бемор таъин намудани чанд дору ё амалиёти шифоиро гӯянд.

Муфассал »

ПОЛИНЕВРИТ

polinevrit

ПОЛИНЕВРИТ (аз поли… ва юнонӣ neuron—  асаб), садамоти асабҳо. Сабабҳои асосии Полиневрит бемориҳои сироятӣ (хусусан бемории вирусӣ), заҳролудшавӣ (аксар алкоголӣ), ихтилоли мубодилаи моддаҳо ҳангоми диабети қанд, уремия ва ғайра мебошацд. Полиневрит ҳангоми баъзе авитаминозҳо (масалан, бери-бери) ва чун бемории касбӣ ба вуҷуд меояд. Аломатҳои Полиневрит дарди сар, кундшавии зеҳну ҳис …

Муфассал »