Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 40)

Биология

ТАШХИС – диагностика

tashxis

ТАШХИС, илми ташхис диагностика, таълилотест дар бо- раи усулҳои дардшиносӣ ва муқаррар намудани диагноз. Барои беморро ҳаматарафа ва мураттабона санҷидан бояд: 1) ҷамъ намудани анамнез (шунидани шикоят, омӯхтани таърихи беморӣ ва тарзи зиндагонии бемор); 2) тадқиқи объективии аҳволи организм (муоина, ламс кардан), перкуссия (ангушт задан), аускултация (гӯш кардан), бо усулҳои …

Муфассал »

ТАШНАГӢ

tashna

ТАШНАГӢ, ташнамонӣ, тааттуш, ҳолати физиологии ор- ганизмро гӯянд, ки хушк шудани даҳону ҳалқ ҳис мешавад ва ба обнӯшӣ моил мегардонад; эҳтиёҷи одаму ҳайвонотро ба об танзим менамояд. Шиддати ташнаги ба давомнокии мӯҳ- лати об нанӯшидан, дараҷаи тавассути арақ ва пешоб хориҷ шудани об аз организм, миқдори намаки оши ба воситаи …

Муфассал »

ТАХФИФ

taxfif

ТАХФИФ, (арабӣ —сабук кардан; кам кародан), редуксия дар биология, хурд ва содда шудани узгаҳо, аксаран барҳам хӯрдани вазифаи онҳо дар ҷараёни инкишофи фардӣ (онтогенез) ё таърихии (филогенез) организмҳо. Баъзан пурра нест шудани узв ё бофтаро низ тахфиф меноманд.

Муфассал »

ТАХТАЧОЙ

choy

ТАХТАЧОЙ, чоест, ки дар натиҷаи баргҳои дурушти ниҳоли чойро кӯфта ва тар карда, дар шиканҷа пахш намудан ҳосил кунанд.

Муфассал »

ТАХТАКАНА

habitus-of-c-lectularius-left-and-c-hemipterus-right

ТАХТАКАНА (Сimex Lecturalies), шабзод, ганг, як навъ ҳашароти хунмакест аз қатори канаҳо. Таннаш паҳни дарозрӯя; дарозиаш 4,9—6,4 мм (нарина) ва 4,8 — 8,4м.м (модина); рангаш қаҳвагии сурх тоб (кирминааш зарди сафедча). Тахтакана дар истиқоматгоҳҳо, мурғхонаҳо, кабӯтархонаҳо, лонаи паррандаю кӯршабпаракҳо маскун шудааст. Тахтаканаи моддина дар тӯли ҳаёташ 200—250 (баъзан то 540) …

Муфассал »

ТАХСИС

htb1ler3gyoybunjssd4q6zskfxaw-jpg_q50

ТАХСИС (арабӣ       —махсус гардонидан, хусусӣ кардан), як навъ таҳаввулотро гӯянд, ки зимни он организмҳои мавҷуда дар шароитҳои нисбатан номувофиқи муҳит (назар ба аҷдод) мутобиқати мукаммал пайдо намуда, рақобатро бо дигар намудқо суст мекунанд. Танг шудани маҳалли мӯътодӣ ва инкишофи аломатҳое, ки боиси зист дар ин маҳал мегарданд. барои тахсис хонанд. …

Муфассал »

ТАХИКАРДИЯ

taxikardiya

ТАХИКАРДИЯ, аз юнонӣ tасhos — тез ва сагdia — дил), зиёд шуданн тапиши днл (то 100—180 дар як дақиқа) -»ро гӯянд. Ҳангоми иштидоди ҷисмонию асабӣ, амрози дилу рагҳо ва системаи асаб, касалии ғадудҳои усораи дохилӣ ва ғайра пайдо мешавад.

Муфассал »

ТАФС

tafs

ТАФС, гармии барзиёд. Қарорати мӯътадили бадани одами солим 36— 37°С аст. Баланд шудани ҳарорати бадан аксар ҳангоми бемориҳои сироятӣ рӯй медиҳад. Баъзан (дар шахсони асабашои касал) Тафс ҳодисан хусусӣ буда, дар асл ҳарорати бадан баланд намешавад. Хӯроки серсафеда ва серкории мушакҳо, ки ҳосилшавии гармиро дар бадан метезонанд, низ боиси қадре …

Муфассал »

ТАФЛОН

taflon

ТАФЛОН, ҷинси буттаву дарахтони ҳамешасабзест аз оилаи настаранҳо. Баргаш думчадор, дурушт, дандонадор ё бедандона, гулаш майдаи сафед, мевааш соршираи ширин ё талх. Меваи баъзе намудҳои тафлонро мехӯранд. Дар дунё қариб 25 (мувофиқи маълумоти дигар 75) намуди тафлон маълум аст. Онҳо асосан дар ноҳияҳои гарм ва иқлимашон мӯътадил (алалхусус дар Евросиё …

Муфассал »