Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 29)

Биология

УЛУФА

xuroki-chorvo

УЛУФА, 1) ях навъ хӯроки чорворо гӯянд, ки аз дону пояи гиёҳҳон хӯшздор, лӯбиёиҳо, инчунин хасбеда, дахол, коҳреза ва дигар хӯрокиҳои дурушт тайёр кунанд; хӯроки ҳайвонот. (Нигаред низ Хӯроки чорво); 2) таом ва хӯроквориро гӯянд.

Муфассал »

УЗВҲОИ НУТҚ

300px-articulation

УЗВҲОИ НУТҚ, дастгоҳи нутқ, маҷмӯи узвҳои одамиро гӯянд, ки ғайр аз вазифаи асосии физиологии худ барои сохтани овозҳои нутқ низ хидмат мекунанд. Узвҳои нутқ      ду гурӯҳанд: узвҳое, ки дар овозсозй иштироки бевосита надоранд, вале ба он мусоидат мекунанд ва узвҳое, ки дар овозсозӣ бевосита иштирок доранд. Узвҳои гурӯҳи аввал инҳоянд: …

Муфассал »

Дарахти уд

ud-r

УД, дарахти уд (Аloe arborescens, 1) як навъ растании ҳамешасабзи дарахтмонандест (дар шароити табиӣ) аз ҷинси сабр (оилаи занбақиҳо); гиёҳест, ки онро дар хона барои даво ва зебу зинат мепарваранд. Пояаш рост, сершоху сербарг; то 4 м қад мекашад. Баргаш шамшершакл, сергӯшту сероб (дарозиаш то 20—65 см, бараш 3—6 ом, …

Муфассал »

УВЕЙТ

uveit

УВЕЙТ (лотинӣ uмеа — рагпардаи чашм), як навъ бемории чашмро гӯянд, ки зимни он инабия, рагпарда (машимия) ва мушаки мижгоншакли чашм якбора газак мегиранд. Увейти қисми пеши чашмро иридосиклит ва ақиби чашмро хориоидит гӯянд. Увейт зуҳуроти баъзе бемориҳои сироятӣ (масалан, сил) ҳам мебошад.

Муфассал »

УБАР

ubar

УБАР, убара, убра, паррандаест баробари мурғобӣ: рангаш зарду сиёҳ. Чарз ё ҳубара низ гӯянд.

Муфассал »

ТУҚУМШУЛЛУҚ

tukumshuluk

ТУҚУМШУЛЛУҚ нарм баданҳои шикампой (Gfstropoda), як навъ ҷонварони бемӯҳраро гӯянд, ки ба нармбадаҳо мансубанд. Танашон аз се қисм (сар, халтаи дарунӣ ва пой) иборат аст. Дар сарашон 1—2 ҷуфт ҳассосак ва як ҷуфт чашм доранд. Халтаи дарунӣ ва гӯшмоҳие, ки онро пӯшидааст, аксар ба рост ё чап спиралдор тобхӯрда мебошад. …

Муфассал »

ТӮТӢ

tuti

ТӮТӢ, тӯтиҳо (Рsittaciformes), як назъ паррандаи хушрангест. Дарозиашон аз 9,5 см то 1 м. Рангашон сабзи бо сурху кабуд омехта, баъзан сиёҳ ё хокистарӣ; нарина ва модинаашон ба ҳамдигар шабоҳат доранд. Нӯлашон ғафс, чанголҳояшон пурқувват буда, ангуштони 1 ва 4-умашон ба қафо тоб хӯрдаанд. Аксари Тӯтӣ паррандагони тезпарвозанд; баъзе намудҳояшон …

Муфассал »

ТУСИҲО

tusi

ТУСИҲО, хадангиҳо (Веmuleaceae), оилаи буттаву дарахтони хазонреpро гӯянд. Барги яклухти содда, гули дуҷинса, «чормагз»-и қанотакдор дорад. Тусиҳо одатан дар ҷойҳои сернам мерӯянд. Гули онҳо ҳангоми вазиши бод гардолуд мешавад. Тухми тусиҳоро об, парранда, хояндаҳо, инчунин шамол паҳн мекунанд. Тусиҳо 6 ҷинс (беш аз 100 намуд)-и растаниҳоро дар бар мегиранд. Дар …

Муфассал »

ТӮС

ТӮС, хаданг, чатқал, бируч (Веtula), як ҷинси бутта ва дарахтони хазонрез (аз оилаи тӯсиҳо). Ранги пӯстлохи танааш сафед, зард, гулобӣ ва сиёҳтоб. Дар Тоҷикистон фақат як намуди Тӯс — тӯси тиёншонӣ (В. Tianschanica) мерӯяд; махсусан дар қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Петри I, Ванҷ, Язғулом, Рушон ва Шуғнон (1100—3500 м …

Муфассал »