Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 20)

Биология

ФРОНТИТ

ФРОНТИТ (аз лотинӣ frons, fronsis— пешонӣ), илтиҳоби ҷавфи пешонӣ. Нигаред низ Синуситҳо.

Муфассал »

ФОХТА

foxta

ФОХТА, куку (Сисиlus саnorus subtelephanus), як навъ паррандаест мусичамонанд (аз қатори фохташаклҳо), аммо аз вай калонтар, парҳояш холдор) ва гарданаш тавқдор. Дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон вомехӯрад. Дар бешазори кӯҳҳо, тӯғайзори соҳили дарёҳо, боғот ва ғайра зиндагӣ мекунад. Аввали май омада, сентябр парида меравад. Тухмашро (15—25) дар лонаи дигар паррандагони хурд …

Муфассал »

ФОТОТЕРАПИЯ

1508587656_chto-takoe-fototerapiya-lica

ФОТОТЕРАПИЯ, (аз фото… ва юнонӣ therapeiya- муолиҷа), муолиҷа бо рӯшноӣ, бо мақсади табобат истифода бурдани шуоъафканиҳои оптикӣ . (инфрасурх, ултрабунафш ва ғайра) -ро гӯянд.

Муфассал »

ФОТОСИНТЕЗ

fotosintez

ФОТОСИНТЕЗ (аз фото… ва синтез), муҳимтарин ҷараёни фотобиологиест (нигаред Фотобиология), ки дар натиҷаи он растаниҳои сабз микроорганизмҳои фотосинтезкунанда ва пайвастҳои ғайриорганикӣ (газикарбонат ва об) бо таъсири рӯшноӣ пайвастҳои мураккаби органикии барои ҳаёти мавҷудоти зинда зарурро ба вуҷуд меоранд. Ҳангоми фотосинтез растаниҳо ба атмосфера оксиген ҷудо карда, энергияи офтобро дар шакли …

Муфассал »

ФОТИМАЧУМЧУҚ

ФОТИМАЧУМЧУҚ (Рагus major bucharensis), як навъ паррандаи гунҷишкмонандро гӯянд. Дар шикамаш рахи сиёҳ ва дар ду тарафи сараш холҳои секунҷаи сафед дорад. Торисар ва зери гулӯи фотимачумчуқи нарина сиёҳ аст. Парҳои канори думи фотимачумчуқ сафед, болаш кабуди хокистарӣ, нӯлаш сиёҳ ва пойҳояш кабудчаи хокистарианд. Дар туғайзору боғоти соҳили дарёҳои Сир, …

Муфассал »

ФОМОЗ

1610-002

ФОМОЗ, касалии растаниҳост, ки занбӯруғҳои ҷинси Рhoma ба ‘вуҷуд меоранд. Бештар карам, сабзm, лаблабу, чой ва картошка зарар меёбад.

Муфассал »

ФЛЮОРОГРАФИЯ

001

ФЛЮОРОГРАФИЯ, радиофотография, рентгенография, рентгенофлюорография, тадқиқи рентгенологиеро гӯянд, ки ҳангоми он акси рентгении объект аз экрани флюорессенсиякунанда ба фотоплёнка мегузарад. Асосан барои муайян кардани касалиҳои шуш, ғадуди шир, устухон ва ғайра истифода мешавад.

Муфассал »

ФЛЮОРОЗ

fluoroz

ФЛЮОРОЗ (аз лотинӣ Лиогит — фтор), бемории музмини устухои ва дандонро гӯянд, ки дар сурати дар организм хеле зиёд шудани фтор ва пайвастҳои он пайдо мешавад. Нишонаҳояш пайдо шудани доғ дар сири дандон, тағйир ёфтани сохти бофтаҳои устухон мебошад.

Муфассал »

ФЛОРИСТИКА

ФЛОРИСТИКА, як фасли ботаникаро гӯянд, ки маҷмӯи намудҳои наботот (флора)-и кураи замин ё қисмҳои алоҳидаи онро меомӯзанд. Маълумоти Флористика барои хорология ва географияи наботот муҳим мебошад.

Муфассал »

ФЛОРА

ФЛОРА (лотинӣ flога — олиҳаи гулҳо ва баҳор), маҷмӯи намудҳои набототро гӯянд, ки таърихан дар ин ё он ноҳияи географӣ паҳн шудаанд ва ё замонҳои пеш паҳн шуда буданд. Мафҳуми флора ҳамаи набототи мавзеъҳои муайянро дар бар мегирад, вале амалан онро фақат барои растаниҳои тухмдор ва сарахсшаклҳои ноҳияи тадқиқшаванда истифода …

Муфассал »