Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 116)

Биология

Нажоди асл, насаб

2

Нажод асл, насаб, гурӯҳи одамони таърихан дар маҳалли муайян ташаккулёфтаро гӯянд, ки дар як вақт пайдо шудаанд. Ягонагии пайдоиши онҳо бо аломатҳои муштараки морфологию физиолога ифода гардида, ба андозае дар ҳудуди муайян тағйир меёбанд. Гурӯҳҳои асосии Нажод Инсонияти ҳозира аз рӯи Нажод ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо мешавад: европоӣ, зангӣ …

Муфассал »

Навъи растанӣ

2

Хели растанӣ, к у л т и в а р, маҷмӯи раста- ниҳоест, ки бо роҳи селекксионӣ ба вуҷуд омадаанд ва аломату хусусиятҳои муайяни морфологию физио­логӣ ва хоҷагии худро аз насл ба насл мегузаронанд; воҳиди таснифотӣ растаниҳои мазрӯъ. Навъи растанӣ маҳаллӣ ва селоксионӣ мешавад Навъҳои м а ҳ а л …

Муфассал »

Навъбарқароркунӣ

2

Навъбарқароркунӣ – даври иваз шудани навъҳои растании сифатҳои биология xoҷагиашон паст (дар натиҷаи ғун шуда пи мутатсияи манфӣ, ифлосии механикӣ, ноустуворӣ ба касалию ҳашароти зараррасон ва дигар омилҳои номусоиди муҳит) бо тухми навъҳои серҳосили хушсифат (элитаҳо ва ғайраҳо). Навъбарқароркуни одатан баъди ҳар 4—5 сол ё ҳангоми зарурӣ гузаронида мешавад. Ниг. …

Муфассал »

Наврӯзӯ

2

Наврӯзӯ гули наврӯзӣ, наврӯзгул, гули баҳор, гу­ли саврак (Juno),ҷинси гиёҳҳои пиёзакбехи бисёрсолаест аз савсаниҳо; гули маъмули навбаҳор. Баландиаш 10—50 см. Баргҳояш одатан досшакл буда, дар поя пай дар ҳам ҷой гирифтаанд. Баргҳои қисми поёни поя нисбат ба баргҳои қисми боло дароз ва барашон васеъ аст. Дар як бехи Наврӯзӣ аз …

Муфассал »

Навда

2

Навда дар ботаника, яке аз узвҳои асосии растаниҳои дараҷаи олист, ки аз поя, барг ва муғча иборат аст. Навда дар ҳаёти растанӣ мақоми хосе дорад. Ҳар як қисми он вазифаи муайянро иҷро мекунад. Муғча сабзиш ва афзоиши нашвии растаниро таъмин менамояд; барг вазифаи фотосинтез ва транспиратсия (бухоркунӣ)-ро иҷро мекунад; поя …

Муфассал »

Наботӣ Абулаббос Аҳмад

2

Наботӣ  Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), олими набототшиноси араб. Наботӣ барои омӯхтани наботот аввал тамоми Испанияро давр зада, баъд соли 1217 ба Африкаи Шимолӣ (Миср) ва аз он ҷо ба Арабистон (Макка ва Мадина) саёҳат кардааст. Ӯ баъди мусофираташ асари машҳури худ «Китоб-ур-реҳдат» («Китоби сабҳат»)-ро навишт. …

Муфассал »

Паттазор

2

Паттазор (буттача ва нимбуттача)-и фарох дар мавзеъҳои камбориши республика доман густурдааст. Асосан Набототии болиштакҳо, болиштакхор ва биёбонро дар бар гирифтааст. Болиштакҳо паттаҳои гуногуни махсуси сармопарварди баланд­кӯҳ (акантолимон, зӯлзада, зиббалдия вағайра) буда, шаклан ба «болишт» монанданд. Болиштакзорро чун чарогоҳи тобистона истифода мебаранд. Болиштакхорҳо аз растаниҳои хордори склероморфии «болишт-монанд» (эспарсет, акантолимон, нахӯдакҳои …

Муфассал »

Наботот

2

1) н а б о т, ниг. Растанӣ; 2) олами наботот, маҷмӯи фитосенозҳо (маҷмӯи растании қитъаҳои якхелаест, ки байни якдигар ва бо муҳит — ҷангал, дашт, биёбон, марғзор ва ғайра муносибати мураккаби тарафайн доранд)-ро гӯянд, ки Замин ё ноҳияҳои ҷудогонаи онро фаро гирифтааст. Наботот маҳсули таҳаввулот (эволютсия)-и бардавоми олами органики …

Муфассал »

Мӯҳрадорҳо

2

Мӯҳрадорҳо, косасарон (Vertebrata б Craniota), ҳайвонҳои хордодор; яке аз муташаккилтарин гуруҳҳои гуногуни ҳайвонот. Мӯҳрадорҳо (40—45 ҳазор намуд) нисбат ба бемӯҳрагон (1,25—1,45 млн намуд) кам бошанд ҳам, дар ҳаёти биосфераи ҳо­зира аҳамияти калон доранд. Мӯҳрадорҳо аз рӯи хусусиятҳои мутобиқӣ ва шаклҳои ҳаётӣ хеле гуногунанд Гуногунии навъҳои мутобиқӣ ва шаклҳои ҳаётии Мӯҳрадорҳо …

Муфассал »

Мӯътод

2

Мӯътод (одаткарда;, акклиматизатсия (аз лотини ad— ба, барои ва юн. klima — иқлим), ба шароити нав мутобиқшавии организмҳо. Мӯхтод одатан ҳангоми тағйироти физиологии морфологии организм ба вуҷуд меояд. Тағйироти физиологӣ (дигаргуншавии мубодилаи модда) дар даруни орга­низм аз таъсири шароитҳои тағйирёфтаи муҳити берунӣ (рушноӣ, харо- рат, намии ҳаво, режими хӯрок ва …

Муфассал »