Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 113)

Биология

Нектар

1

Нектар (юн. nektar), 1) дар асотири Юнони Қадим шарбате будааст ба мисоли нӯшдору, ки фақат худоён менӯшидаанд; 2) моей ширини шаҳддон. Ниг. низ Гулшаҳд.

Муфассал »

Нейстон

1

Нейстон (аз юн. neustos — шиновар) организмҳое, ки ба пардаи қабати болоии об часпида дар рӯи он (э п и н е й с т о н) ё дар зери он (г и п о н е й с т о н) ҳаракат мекунанд. Ба Нейстон соддатаринҳо, обсабзҳои якҳуҷайрагӣ, гамбускҳои …

Муфассал »

Наханг

1

Наханг, моҳиест аз қатори наҳангшаклҳои зерсинфи лавҳағалсамагиҳо. 3 зерқатор дорад: Наҳангҳои хозира, қадима ва шохдор. Дарозии Наҳангҳои ҳозира (Selachoidei) аз 0,5 метр (Наҳанги сиёҳи нешдор) то 20 метр (Наҳанги азимҷусса) аст. Танашон дукмонанд буда, аз ҳар ду тараф 5-тогй (Наҳанги аррабинӣ 6-то) сӯрохии ғалсама доранд. Онҳо пуфакн шиноварӣ надоранд. Дар …

Муфассал »

Нашъагиёҳ

1

Нашъагиёҳ (Can­nabis ruderalis), як навъ растании худрӯест аз оилаи тутиҳо. Балан­дии пояаш 1—2 метр, барги парра- парраи рӯ ба рӯ ҷойгиршуда ва гули якҷинса дорад. Нашъагиёҳ асосан дар Осиёи Миёна (Помиру Олой, Тиёншон), қисми ҷануби европоии СССР, Кавказ, Сибири Ғарбӣ ва Европаи Ҷануби Шарқӣ паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон Нашъагиёҳ дар …

Муфассал »

Нашагул

1

Нашагул (Rudbeckia), ҷинси растаниҳои як, ду ё бисёрсолаи алафӣ, мансуби мураккабгулҳо По­яи баланд, барги пурра ё паршакл, гултӯдаи сабатак, гулҷояи барҷастаи думчабаргаш нӯгтез дорад. Забончагулаш бесамар, одатан зард ё норинҷӣ буда, найчагулаш дуҷинсаи бештар қирмизӣ мебошад. Қариб 30 намуди Нашагул асосан дар даштҳои Америкаи Шимо- лӣ мерӯяд. Аксар  намӯдҳои Нашагул …

Муфассал »

Нахҳои табиӣ

1

Нахҳои табиӣ, н а х ҳ о и бо­фандагӣ, нахҳои дарозу мустаҳкам ва қаиши борик, ки аз растанӣ, минерал ва ҳайвонот ҳосил меку­нанд; ашёест барои истеҳсоли ка- лоба ва баъзе молҳои ғайри матоъ. Нахҳои табииро аз загир, катон, пахта, ҷут, канаб, пашми ҳайвонот, пилла ва минерал (асбест) тайёр мекунанд. Аз …

Муфассал »

Нахӯтак

1

Нахӯтак (Astragalus), ҷинси растаниҳои як ё бисёрсолаи алафӣ ва буттаӣ; мансуби лӯбиёиҳо. Барги тоқапаршакл ва гули майда дорад. 2000 намуди он асосан дар минтақаҳои хушки Нимкураи шимолӣ дучор меояд. Дар СССР зиёда аз 900 намудаш маълум буда, бештар дар Осиёи Миёна (тақрибан 600 наму­даш) ва Кавказ мерӯяд. Дар Тоҷикистон 270 …

Муфассал »

Нахчир

1

Нахчир, нахҷир, бузи кӯҳӣ, бузи шахгард, оҳу (Cap­ra (Ibex) sibirica), ҳайвони ваҳшии ҷуфтсумест аз ҷинси буз. Дар РСС Тоҷикистон як зернамуди Нахчир (С. s. alaiana) маълум аст. Нахчир калонҷусса буда, рангаш ашҳаби бӯртоб ё сиёҳтоб, ду паҳлӯ ва гарданаш хол-хол, вазнаш аз 40—60 киллограмм (моданахчир) то 100—130 киллограмм (нарнахчир), шохаш …

Муфассал »

Нахустдаҳонҳо

1

Нахустдаҳонҳо (Protostomia), гурӯҳи ҳайвонҳои бемӯхра, ки паҳнкирмҳо(Plathelminthes), немертинҳо (Nemertini), ҳалқакирмҳо (Annelides), нармбаданҳо (Mollusca), бандпойҳо (Arthropodа) ва ғайрароро дарбар мегиранд. Инкишофи Нахустдандонҳо чунин аст: дар ҷои даҳони нахустин (бластопора) ё дар қисми пеши он сӯро- хии даҳон ва дар охири тана сӯрохии пушт ба вучуд меояд.

Муфассал »

Нахлиҳо

1

Нахлиҳо (Агесасеае ё Palme), оилаи растаниҳои дарахтмонанди якпаллагӣ. 240 ҷинси Нахлиҳо, ки қариб 3400 намудро дарбар мегирад, асо­сан дар тропика ва субтропика паҳн шудааст. Бисьёр намудҳои Нахлиҳо дар Осиё (Индонезия), Африка ва Аме­рикаи Ҷанубӣ, фақат 1 намуди онҳо (Chamac rops) дар Европа (Ис­пания, Франциян Ҷанубӣ) мерӯянд. Нахлиҳо аксаран шох намеронанд. …

Муфассал »