Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 101)

Биология

СПИРОХЕТОЗҲО

tib

СПИРОХЕТОЗҲО (аз юнонӣ speira — ҳалқа ва сhaita — мӯй), як гурӯҳ бемориҳои одаму ҳайвонро гӯянд, ки спирохетаҳои беморизо (бактерияҳое, ки ҳуҷайраҳояшон дарозрӯяи печутобхӯрда мебошанд) ба вуҷуд меоранд. Аз рӯи тарзи сироят спирохетозҳо якчанд хел мешаванд: спирохетозҳои рӯда (лептоспирозҳо; дар ҳама ҷо паҳн шудаанд), Спирохетозҳои роҳҳои нафас (асосан дар мамлакатҳои …

Муфассал »

СПИРОМЕТРИЯ

spirometrija

СПИРОМЕТРИЯ (аз лотинӣ soiro) — пуф мекунам, нафас мегирам ва …метрия), усули бо ёрии асбоби махсус — спирометр чен кардани гунҷоиши ҳаётии шуш. Соли 1346 олими англис Ҷ. Хатчисон пешниҳод кардааст. Спирометрияро ҳангоми тафтиши одамони солим, ташхису муолиҷаи бемориҳои шуш ва системаи дилу раг истифода мебаранд.

Муфассал »

СПЕРМАТОЗОИД

spermatazoid

СПЕРМАТОЗОИД (аз юнонӣ sperma ва zооh — мавҷудоти pинда ва еidоs — намуд; навъ, хол), ҳуҷайраи ҷинсии мардонаи одам, ҳайвонот ва аксари растаниҳоро гӯянд. Нигаред низ Нутфа.

Муфассал »

СПЕЛЕОФАУНА

speleofauna

СПЕЛЕОФАУНА (аз юнонӣ spelaion — ғор ва фауна), фаунаи ғор. маҷмӯи ҷонваронеро гӯянд, ки дар ғорҳо, тарқиши ҷинсҳои кӯхӣ ва дигар ҷойҳои ба инҳо монанд зиндагӣ мекунанд. Ба Спелеофауна асосан намудҳои зиёди бемӯҳраҳо баъзе мӯҳрадорон (масалан, аз обхокиҳо — протей) ва моҳиёне мансубанд, ки дар ғорҳо зиндагӣ мекунанд. Намояндагони Спелеофауна …

Муфассал »

СПАЗМОФИЛИЯ

kudak

СПАЗМОФИЛИЯ (аз юнонӣ sраsmоs— мекашам ва рhilia-майл), дарди шахаки кӯдакон, истишноҷ, кузозати тифлон, бемории бачагонаест (бештар кӯдакони то 2-сола), ки дар натиҷаи он миқдори калций дар хун кам, ҳаяҷонпазирии асабия ва худ аз худ кашиши (рагкашии) мушакҳои роҳи овоз афзун мегардад. Сабаби асосии Спазмофилия норасоии витамини Д ва ихтилоли функцияи …

Муфассал »

СОҶ

tectona_grandis

СОҶ, 1) тик, булути ҳиндӣ (Tectonagrandis), дарахтест аз оилаи мушкбедҳо; то 40—50 м қад мекашад. Баргаш калон (дарозиаш 30— 60 см), гулаш майда, хӯшагулаш туғшакл, мевааш «донакмонанд», чӯбаш сиёҳ. Дар бешазори паҳнбарги Осиё (аз Ҳиндустон то Индонезия) мерӯяд. Соҷро дар ноҳияҳои тропикии Осиё мепарваранд, Чӯбаш хеле хушсифат аст; то 200 …

Муфассал »

СПАЗМ

spazm

СПАЗМ (юнонӣspasmos, аз sрао — мекашам), ташаннуҷ, кашиши ихтилоҷии мушакҳои дасту пой ё девораи мушакии рагҳои хун, сурхрӯда, рӯдаҳо ва дигар узвҳои дарунхолӣ. Нигаред низ Рагкашӣ.

Муфассал »

СОҲИБӢ

shakarak

СОҲИБӢ, шакарак, як навъ ангури миёнасолию дерпазакро гӯянд. Селекцияи халқӣ. Асосан дар ноҳияҳои Ашт, Уротеппа, Хуҷанд. Шаҳртуз, Колхозободи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, районҳои токдории вилоятҳои Тошкент, Фарғона ва Самарқанди Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбекистон, Закавказия, инчунин дар Эрон, Туркия, Ҳиндустон васеъ паҳн шудааст. Токаш тезсабз, 28—30%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш калон (дарозиаш …

Муфассал »

СОҲИБИМУРУД

murut

СОҲИБИМУРУД, як навъи пешпазаки муруди маҳаллиро гӯянд. Сершоху барг буда, то 17 м қад мекашад. Пӯстлохи танаву шохҳои ғафсаш хокистарии сиёҳтоб, баргаш ҷигарӣ (дароаиаш 5,5—6,5 см, бараш 4—5 см), мевазш калон (вазни миёнаи як донааш 268 г), пӯсташ ғафс, камоб, ширин ё нордон, охирҳои август мепазад, дер намепояд. Тар ва …

Муфассал »

СОЯПАРВАРД

OLYMPUS DIGITAL CAMERA

СОЯПАРВАРД, сояпарварда, растаниест, ки ба офтоб тоб надорад ва дар соя нашъунамо мекунад. Нигаред низ Растаниҳои соягӣ.

Муфассал »