Маълумоти охирин
Главная / Биология

Биология

САРВ

v-krymu-na-yaltinskoy-trasse-goryat-kiparisy_foto-iz-intereneta_1_2014-07-30-11-54-42

САРВ  – ҷинси буттаву дарахтони ҳамешасабзест аз оилаи сарвиҳо аст. То 20—25 (баъзан то 45 метр) қад мекашад, ғафсии танааш 30—70 сантиметр, то 2 ҳазор сол умр мебинад. Баргҳои навниҳоли Сарв сӯзаншакл (то 1 сантиметр) ва дарахтони калони он пулакчашакланд (1—2 миллиметр), ҷалғузааш мудаввар (диаметраш то 2—3 сантиметр), соли сеюм пухта, …

Муфассал »

СИСТЕМАИ АСАБ

СИСТЕМАИ АСАБ, асабия, маҷмӯи ташкилаҳо (асабҳо, уқдаҳо, узвҳои ҳис, майнаи организми ҳайвонот ва одамро гуянд, ки таъсиротро дарк, таҳлил ва ба узвҳо нақл карда, реаксияҳои ҷавобии мутобиқшавии организмро ба амал меорад, ҳамаи функсияҳои организмро дар таъсири мутақобила бо муҳит танзим карда, фаъолияти организмро ба он мувофиқ мегардонад. Системаи асаб асосан …

Муфассал »

САЪЛАБ

salab

САЪЛАБ, селаб,1) ҷинси гиёҳҳои бисёрсолаест аз оилаи саълабиҳо. Решаи лӯидаи яклухт ё панҷашакл, барги нештаршакл, гули одатан бунафш ё нофармони арғувонӣ ва ғӯза дорад. Саълаб (қароб 80 намуд) дар Европа, минтақаи мӯътадили Осиё, Африкаи Шимолӣ ва ғайра бисёр аст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 36, …

Муфассал »

САЪБА

saba

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш сурх, болу думаш сиёҳ. Дар миёнаи болаш холи зард ва дар интиҳои болу думаш холи сафед дорад; тахтапушт ва китфаш хокистарранги сурхчатоб; шикамаш сафед. Нӯлаш гулобитоб. Дар Европа, Осиёи Ғарбӣ, Африкаи Шимолу Ғарбӣ, дар Иттифоқи …

Муфассал »

САХАРОЗА

saharoza

САХАРОЗА, қанди найшакар ё лаблабу, яке аз муҳимтарин дисахаридҳост, ки дар ҳамаи растаниҳои фотосинтезкунанда мавҷуд аст. Моддаи кристаллии беранги дар об ҳалшаванда; I гудозиш 185—186*Селсия. Аз таъсири кислота ба осонӣ гидролиз шуда глюкоза ва фруктоза ҳосил мекунад. Сахароза аз ҷумлаи карбогидратҳоест, ки ба хубӣ дар растаниҳо ҳазм мешаванд; карбогидратҳои дар …

Муфассал »

САФЕДАҲО

safedaho

САФЕДАҲО, протеинҳо, моддаҳои органикии калонмолекулаи табииеро гӯинд, ки аз аминокислотаҳо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти организмҳо мавқеи муҳим доранд. Фридрих Энгелс Сафедаҳоро заминаи шакли билогии ҳаракати материя донистааст. Маҳз ба туфайли Сафедаҳо дар организм мубодилаи моддаҳо ва табдили энергия ба вуҷуд меояд. Сафедаҳо функсияҳои муҳими физиологиро адо мекунанд. Пеш аз …

Муфассал »

САФЕДОР

safedor

САФЕДОР (Рори1из), ҷинси дарахтест аз оилаи бедҳо. Баргаш дандонадор ё бедандонаи гуногуншакл (дилшакл, байзашакл, гурдашакл, паррашакл ва ғайра); гулаш майдаи якҷинса (баъзан дуҷинса), хӯшагулаш «гӯшворак», пеш аз баргбарорӣ мешукуфад, шамол гардолуд мекунад. Ғӯзааш 2-4-паллаи сертухм, тухмаш майда (дарозиаш 1—3 миллиметр), дар нӯгаш пати пахтамонанд дорад. Дар дунё 45—50 намуди Сафедор …

Муфассал »

САЯЛОН

САЯЛОН (арабӣ—ҷоришавӣ), дар тибби қадим истилоҳест, ки ҷорӣ шудани ҳар як моддаи моеъро ифода мекунад. Беист рехтани оби чашмро Саялони ашк ва аз бачадони занҳо рафтани рутубатро Саялони р а ҳ и м меноманд.

Муфассал »

САФЪА

САФЪА (арабӣ), дар тибби қадим истилоҳест, ки сар (нӯг)-и пистони занҳоро ифода мекунад.

Муфассал »