Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики

Без рубрики

ФАХРИИ ҚАВВОС

ФАХРИИ ҚАВВОС Мавлоно Фахруддин Мубораки Ғазнавӣ мутахаллис ба Қаввос (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва луғатнависи форсизабони Ҳиндустон (асри 14). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Ӯ дар дарбори яке аз ҳокимони давр — Алоуддини Хилҷӣ (ҳӯкмронӣ 1296—1317) хизмат мекард. Аз таълифоташ «Фарҳанги Фахрии Қаввос» маълум аст.

Муфассал »

ТУМАН

ТУМАН (турки — даҳ ҳазор), воҳиди маъмурию территориявӣ, ки 10.000 аскар медод. Туман чун воҳиди маъмурию территориявӣ дар Осиёи Миёна баъди истилои муғул (асри 18) пайдо шуд. Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 маънои районро дошт. А. Ягонӣ.

Муфассал »

ТРЕМАТОДОЗҲО

trematodozho

ТРЕМАТОДОЗҲО, гелминтозҳои одам ва ҳайвонот, ки трематодаҳо ба вуҷуд меоранд. Барангезандаи трематодозҳо дар ҷигар, ғадуди зери меъда рӯда, шуш ва хуни одам паразити мекунанд. Трематодозҳо ба одам асосан ба воситаи об, хӯрок ва дасти ифлос сироят мекунанд. Ҳангоми шистосома гоз кирминаи паразит аз пӯст ба даруни бадан медарояд. Описторхоз бештар …

Муфассал »

ТАСБЕҲ

tasbeh

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади зикри худоро бо он шуморад. Бо тасбеҳ худоро зикр кардан дар байни рӯҳониёни калисои католикӣ, буддоия, мусулмонон маъмул шудааст. Руҳонӣ ҳангоми тасбеҳ гуфтан (яъне номи худоро зикр кардан) донаҳои тасбеҳро як-як мегардонад. Бо тасбеҳ диндорон …

Муфассал »

ЭФИОПҲО

efiopiya

ЭФИОПҲО, аҳолии Эфиопия, ки аз як қатор халқҳо (амхара, тиграи, тигре, галла, гураге, сидамо, беда, сахо ва ғ.) фароҳам омадаанд. Шумораашон зиёда аз 42- млн наф. (1984). Забонашон сомӣ ва кушита. 55% аҳолӣ пайрави мазҳаби монофистии масеҳият, 35% мусулмон буда, боқимонда ба дину оини қадима эътиқод доранд.

Муфассал »

АБУСАИДИ САНҶАРӢ

АБУСАИДИ САНҶАРӢ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдуҷалил (соли таваллуд номаълум – ваф. 1036), ҳайатшинос ва риёзидони асри 10. Бо Аҳмад ибни Саффорӣ ва Иззуддавлаи Дайламӣ ҳамзамон буда, бо онҳо робитаи илмӣ доштааст. Аз осори боқии ӯ «Ҷомеи Шоҳӣ», «Таҳсил-ул-қавонин» («Тартиб додани қонунҳо»), «Зоиҷот-ул- кавокиб» («Зиҷи ситораҳо»), «Таҳсил- ул-қавонин-ил-ҳандаса ал-маҳдуда» («Ба …

Муфассал »

ШӮРИШИ СОЛДАТҲО ДАР ХУҶАНД

shurish

ШӮРИШИ СОЛДАТҲО ДАР ХУҶАНД (1905), шӯриши ротаи понтонии Туркистон, ки дар зери таъсири вокеаҳои революционии с. 1905 дар Россия ва Туркистон бо роҳбарии социал-демократҳои маҳаллӣ (Хапилин ва диг.) ба амал омада буд. Сабаби Ш. муомилаи бади офицерон бо аскарони қаторӣ сифати пасти хӯрок ва шароити тоқатфарсои казарма буд. Ш. 25 …

Муфассал »

СИРКИ ТОҶИК

sirki-dushanbe

ЦИРКИ ТОҶИК, санъати Цирки тоҷик таърихи қадима дошта ба ҷараёни меҳнату маишат, анъанаю маросимҳои халқӣ, санъати мусиқӣ ва хорео­графия робитаи зич дорад. Рақсҳои пантомима («Шамшербозӣ», «Уқоббозӣ», «Рўбоҳбозӣ») ва рақсҳои ифодакунандаи шуҷоату мардонагӣ («Шамшербозӣ», «Калтакбозӣ», «Оташбозӣ»), инчунин гӯштингирӣ, аспдавонӣ, қувваозмоии паҳлавонон барин машқҳои мураккаби ҷисмонӣ дар пайдоиши Цирки тоҷик нақши муҳим …

Муфассал »

АБУБАКРИ НАСАФӢ

nomalum

АБУБАКРИ НАСАФӢ (соли таваллуд но­маълум – вафот 915, Бухоро), нахуст- котиб ва вазири муваффақи дарбори Сомониён. Аслу насабаш бар Моҳуя мерасад. Вай аз вузарои хушноми давлати сомониён ба шумор рафта, дар давраи ҳукмронии амир Исмоил ибни Аҳмад ва минбаъд дар ахди Ахмад ибни Исмоил ин шуғлро бар ӯхда доштааст. Муаррихон …

Муфассал »

АБСЕНТИЗМ

АБСЕНТИЗМ, дар ҳуқуқ ба нишонаи эътироз аз иштарок дар маъракаи интихобот ва ё дар чорабинии овоздиҳӣ саркашӣ кардан. Дар бисёр мамлакатҳо бо сабаби ғайридемократӣ гузаштани ин­тихобот ва иродаю манфиати халқро ба эътибор нагирифтани вакилон (намояндагон) шаҳрвандон аз иштирок дар интихобот cap мепечанд. Бо максади иштироки интахобкунандагонро дар интихобот таъмин намудан …

Муфассал »