Маълумоти охирин
Главная / Варзиш (страница 4)

Варзиш

СТАДИОН

stadion

СТАДИОН (юнонӣ stadion — ҷои мусобиқа), иншооти спортие, ки аз майдони асосӣ, трибунаи тамошобинон, майдончаҳои бозиҳои спортӣ ва гимнастика, инчунин аз биноҳои ёрирасон иборат аст. Ба расмият даромадани Бозиҳои олимпӣ (1894) боиси дар бисьёр мамлакатҳо сохтани Стадионҳои азим гардид. Солҳои 1950—60 сохтмони биноҳои пӯшида вусъат ёфт. Стадионҳон «Динамо» дар Москва …

Муфассал »

СПРИНТЕР

sprinter

СПРИНТЕР (англисӣ sprinter, аз sprint — давидан ба масофаи кӯтоҳ), спортоменест, ки ба давидан дар масофаҳои кӯтоҳ (дар варзиши сабук, спорти конкитозӣ, шиноварӣ, спорти велосипедронӣ ва ғайра) ихтисос пайдо мекунад.

Муфассал »

«СПОРТИВНЫЕ ИГРЫ»

sportivnie-igri

«СПОРТИВНЫЕ ИГРЫ» («Бозиҳои спортӣ»), журнали ҳармоҳаи Комитети спорти СССР. Аз соли 1955 дар Москва нашр мешавад.

Муфассал »

«СПОРТ ЗА РУБЕЖОМ»

nashriya

«СПОРТ ЗА РУБЕЖОМ» («Спорт дар хориҷа»), нашрияи Комитети спорти СССР. Аз соли 1960 дар Москва моҳе ду маротиба мебарояд.

Муфассал »

Варзиш

varzish

СПОРТ (англисӣ sport —бози, машғулият), сохти ташкилу гузориши мусобиқа ва машғулияти таълимию машқист, ки аз рӯи маҷмӯн гуногуни машқҳои ҷисмонӣ барпо мегардад.

Муфассал »

СПАРТАКИАДА

sport

СПАРТАКИАДА, мусобиқаҳои анъанавии комплексӣ, ки дар программаи он намудҳои гуногуни спорт дохил мешаванд. Дар СССР якумин Спартакиада соли 1923 дар қисмҳои Армияи Сурх ва ташкилотҳои физкултурии ҷавонони ба номи Спартак дар Петроград гузаронида шуд. Спартакиада соли 1928 дар Москва Спартакиадаи умумииттифоқӣ баргузор гардид, ки дар он бештар аз 7 ҳазор …

Муфассал »

Абдувалиев Андрей Ҳакимович

Абду Валиев Андрей Ҳакимович (таваллудвш 1966, шаҳри Душанбе), варзишгар (оид ба гурзпартоӣ). Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1987). Устоди шоистаи варзиши СССР. Чемпиони Бозиҳои Олимпӣ (Барселона, 1992), чемпиони дукаратаи ҷаҳон (Штутгарт, 1993; Гё­теборг, 1995), дорандаи Ҷоми ҷаҳон (Лондон, 1994), соҳиби медали нуқраи Бозиҳои иродаи нек (ШМА, 1990), чемпиони Спартакиадаи халқҳои …

Муфассал »

МЕДЕО

medeo

МЕДЕО, яке аз калонтарин иншооти спортии ҷаҳон барои гузарондани мусобиқаҳои спортии зимистона. 12 км дуртар аз ш. Алмаато дар баландии 1691 м аз с. б. сохта шуда­аст (1972). Стадиони яхпӯш (яхи сунъӣ) асоси комплекси Медео буда, 10,5 ҳазор м2 вусъат дорад. Майдони яхпӯши стадионро 3 пайраҳаи варзиши сабук, ки барашон …

Муфассал »

МОТОБОЛ

motobol

МОТОБОЛ (аз мото… ва анг. ball— ту)б, туббозӣ бо мотоцикл). Соли 1920 дар Франция пайдо шудааст. Мотобол дар бисьёр мамлакатҳои Европа, аз ҷумла дар Булғория, Польша, РДГ, Бельгия, РФГ ва ғ. хеле ривоҷ ёфтааст. Дар Иттифоқи Совети Мотобол аз солҳои 30 маълум аст. Аввалҳо дар бозии Мотобол аз ҳар команда …

Муфассал »

МУСОБИҚА

musobika

МУСОБИҚА, мусобақа (арабӣ— пешӣ гирифтан, бартарӣ ҷустан бар якдигар) дар спорт, тадбироте, ки бо мақсади муайян кардани спортсменҳо ва командаҳои пурқувваттарин, комёбиҳои олии спорт, такмили маҳорати спортӣ ва пропагандаи физкултура ва спорт ба амал бароварда мешаванд. Имконият фароҳам меоваранд, ки ба фаъолияти ташкилотҳои спортӣ, тренерон, спортсменҳо, довардҳо объективона баҳо дода …

Муфассал »