Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики (страница 30)

Без рубрики

Олмурӯд

0

Олмурӯд, сурх нок, яке аз навъҳои хеле қадимаи нок. Балан­дии дарахташ 10—26 метр, то 350 сол месабзад. Танааш ғафс (д и а метра ш то 5 метр), навдаҳояш ашҳабӣ ё ҷигарранги сурхтоб, баргаш байзашакл (дарозиаш 7,5 сантиметр, бараш 4,2 сантиметр), мевааш калон-калон (ба ҳисоби миё­на 158—164 грамм), пӯсташ каме мулоим, …

Муфассал »

Оллоҳқулихон хони Хева

Оллоҳқулихон (соли таваллуд номаълум — вафот 1843), хони Хева (1825—42). Писари Мухаммадраҳимхони I. Дар давраи Оллоҳқулихон зулми феодалӣ ва ҷангҳои ғоратгарона авҷ гирифт. Ӯ ба Хуросон (5 бор) ва сарзамини туркманҳо юриш карда, онҳоро хонавайрон сохт. Қароқалпоқҳо ва туркманҳо, ки барои мустақилияти худ мубориза мебурданд, соли 1828 аз тарафи Оллоҳқулихон …

Муфассал »

Олия

Олия (соли таваллуд ва вафот номаълум), мутрибаи асри 7 форс-тоҷик. Дар дарбори Хисрави Парвиз ҳунарнамоӣ мекард. Махсусан дар хондани сурудҳои маросимӣ ва таронаҳои силсилаи «Хусравонӣ»-» Борбад («Нӯшинбода», «Ҳуққаи Ковус», «Ганди бодовард») маҳорати бемисол дошт.

Муфассал »

Олимҷонов Анвар

Олимҷонов Анвар (таваллуд 2.6.1930, авули Қорлиғош, ҳозира pайони Андрееви вилояти Тӯлдиқӯрғон), нависандаи советии қазоқ. Аъзои КПСС аз соли 1953. Ба забони русӣ менависад. Университети давлатии Қазоқистонро хатм кардааст (1954). Аз соли 1955 муҳаррири газ. «Ленин­ская смена» ва мухбири «Литера­турная газета» дар Қазоқистон буд. Солҳои I960—70 ҳодими масъули киностудия» «Қазоқфилм», мухби­ри …

Муфассал »

Олимхон

Олимхон (1880—1946), охирин амири Бухоро аз сулолаи Манғития. Олимхон баъди вафоти падараш Абдулаҳадхон (январи 1911) ба тахт нишаста, то 1 сентябри 1920 ҳукм ронд. Дар мактаби қӯшунҳои савораи Ни­колаевски Петербург хондааст. Соли 1902 Олимхон аввал ҳокими Қаршӣ, баъд­тар чун валиаҳд дар вилояти Кармина ҳоким шуд. Дар давраи ҳукмронии Олимхон тобеияти …

Муфассал »

Олимхон хони Қӯқанд

Олимхон (соли таваллуд номаълум —вафот 1810), хони Қӯқанд, ки солҳои 1801—10 ҳукм рондааст. Пи­сари Норбӯтабий аз сулолаи Мингҳо. Тамоми умрашро дар ҷангу талош бо ҳамсояҳо ва бартараф кар­дана низоъҳои дохилӣ гузаронид. Дар аҳди Олимхон Фарғона, Тошкент, Чимкент ба хонии Қӯқанд ҳамроҳ карда шуданд. Сиёсати истилогаронаи Олимхон, ки мехост давлати пурқуввати …

Муфассал »

Олимов Фаттоҳ

Олимов Фаттоҳ (таваллуд 1908, деҳаи Риштони райони Олтиариқи вилояти Фарғона, Республикаи Советии Сотсиалистии  Ӯзбекистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957),  Агрономи Хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  (1957). Аъзои КПСС аз соли 1945. Солҳои 1925—27 донишҷӯ, 1927—31 муаллим, 1931—43 агроном (аввал дар Риштон ва баъди соли 1933 дар Тоҷикистон), 1944 —60 директори …

Муфассал »

Олимов Исмоилҷон

Олимов Исмоилҷон Юсуфович (таваллуд 18. 10. 1936, Ленинобод), нев­ропатологи советӣ, доктори илмҳои тиб (1976). Соли I960 Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм карда­аст. Солҳои 1960— 61 духтур-невропатологи курорти Хоҷаобигарм, 1961 —62 ординатори клиникии кафедраи бемориҳои асаби Институти дав­латии тиббии Тоҷикистон, 1962—65 аспиранти кафедраи бемориҳои асаби Институти давла­тии тиббии 1-ми Москва ба …

Муфассал »

Олиго

0

Олиго (аз юнонӣ oligoa — камтар, андак), қисми калимаҳои мураккаб, ки кам будани шумора, миқдор ва ғайраро ифода менамояд. Масалан, олигоф­рения, олигурия ва ғайра.

Муфассал »

Олег Святославич

0

Олег Святославич (миёнаи асри 11. — 4. 8. 1116), князи Руси Қадим, писари князи бузурги Киев Святос­лав. Соли 1073 замини Ростову Суздалро аз падар мерос гирифт, баъд князи Волин шуд. 1076 ҳамроҳи Владимир Мономах ба Чехия юриш кард. Баъди вафоти падараш (1076) мулкҳояшро аз даст дода, 1078 ба князии Тмутаракан …

Муфассал »