Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики (страница 20)

Без рубрики

Отабоев Қайғисиз Сардорович

otaboev_kaygisiz_sardorovich

Отабоев Қайғисиз Сардорович (1887—1937), ходими давлатии советӣ, иштирокчии мубориза барои барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Осиёи Миёна. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1918. Семинарияи муаллимони Тошкентро хатм кардааст. То соли 1917 муаллим ва хизматчии банк буд. Солҳои 1917—18 яке аз роҳбарони сексияи Советӣ депутатҳои коргарон ва солдатҳои уезди …

Муфассал »

Отабоев Абдураҳим

Отабоев Абдураҳим (таваллуд 1909, деҳаи Куркати ҳозира райони Нов, вилояти Ленинобод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Солҳои 1926—30 батрак, 1930—69 колхозчӣ, сардори звенои пахтакории колхози «50-солагии СССР»-и ,райони Нов. Звенои Отабоев солҳои 1947—48 ҳосили фаровони пахта ба даст овардааст. Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Муфассал »

Остроградский Михаил Ва­силевич

ostrogradskiy_mixail_vasilevich

Остроградский Михаил Ва­силевич (24. 9. 1801, деҳаи Пашен­ная ҳозира вилояти Полтава — 1. 1. 1862, Полтава), матема­тики рус, академики Академияи Фанҳои Петербург (1830). Дар Университети Харков таҳсил намуда (1816—20), баъд дар Париж лексияҳои Островский Ко­ши, П. Лаплас ва Ж. Фуреро шунидааст (1822—28). Профессори синфҳои офисерии Корпуси кадетии баҳрӣ (аз соли …

Муфассал »

Островитянов Константин Ва­силевич

ostrovitynov_konstantin_vasilevich

Островитянов Константин Ва­силевич (30. 5. 1892, деҳаи Бычкии губернияи Тамбов — 9. 2. 1969, Москва), иқтисодчӣ ва ҳодими  ҷамъиятии советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1953), аъзои ҳақиқии Академияи Фанҳои Чехословакия (1957). Аъзои КПСС аз с.1914. Институти савдои Москваро хатм намудааст (1917). Соли 1916 ба Комитети махфии РСДРП-и Москва аъзо шу­дааст. …

Муфассал »

Остео…

Остео… (аз юнонӣ osteon—устухон), қисми калимахои мураккаб, ки ба устухон ва бофтаҳои устухон мансуб буданро ифода менамояд. Масалан остеомиелит, остеодистрофия.  

Муфассал »

Парол

parol

Парол (аз франсавӣ parole — кали­ма) , номи ш а б, и с м и  ш а б, калимаи махфиест, ки дар Қувваҳои мусаллахи советӣ дар мавриди дигар кардани посбопон истифода ме­шавад. Парол далолат мекунад, ки посбонони нав дар ҳақиқат барои ивази посбонони пешина омадаанд ва сардори онҳоро сардори калонтар …

Муфассал »

Парменид

parmenid

Парменид (Parmenides) аз Элей, дар Италияи Ҷанубӣ (таваллуд тақрибан 540 то милод, соли вафоташ номаълум), файласуфи Юнони Қадим, намояндаи мактаби элей (нигаред Мактабҳои фалсафӣ). Ба воситаи Ксенофан бо Анаксимандр ва тавассути Аминий бо пифагореизм робитаи ғоявӣ дошт. ­Ғайр аз фалсафа ба қонунгузорӣ машғул буд. Моҳияти мавқеи фалсафии Парменид иборат аз …

Муфассал »