Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики (страница 10)

Без рубрики

Парна

parna

Парна (пандус), ҳамвории ба як тараф моили безинаест, ки воситаи аз поён ба боло баромадан аст. Парна дар таҳҳонаҳо барои чизҳои вазнини мағелонро баровардан, бо нақлиёти чархӣ бор кашонидан сохта мешавад. Парнаро инчунин дар гузаргоҳҳои зеризаминии ҳозира дар як канори зинаи он барои бароюфарои аробачаҳои бачагона истифода мебаранд. Парна дар …

Муфассал »

Пашино Пётр Иванович

pashino-petr-ivanovich

Пашино Пётр Иванович (5. 2. 1836—3. 9. 1891, Петербург), шарқшинос, журналист ва сайёҳи рус. Соли 1852 гимназияи Қазон, 1856 шуъбаи шарқшиносии Университети Петербургро хатм намудааст. Пашино дар Петербург бо Н. А. Добролюбов шинос шуда, тахаллуси адабии «П. А. Шино»-ро гирифтааст. Баъди хатми университет дар ҳудуди Булғорияи Волга (губернияи Қазон) ҳафриёти …

Муфассал »

Пасиент

pasient

Пасиент (аз лотинӣ patiens — бемор, дардманд), шахсе ки ба духтур барон ёрии тиббӣ муроҷиат ме¬кунад ё дар назорати тиббӣ мебошад.

Муфассал »

Пасаев Виктор Иванович

pasaev-viktor-ivanovich

Пасаев Виктор Иванович (19. 6. 1933, Оқтеппа, Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон— 30. 6. 1971), лётчик-кайҳоннаварди СССР, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (30. 6. 1971, баъди мар­гаш). Аъзои КПСС аз соли 1968. Баъди хатми Институти индустриалии (ҳозира Институти политехникии) Пенза (1955) дар Расадхонаи марказии аэрологӣ ва Бюроҳои конструкторӣ кор кард. Аз соли 1969 …

Муфассал »

Пахтак

paxtak

Пахтак, бодиринги гург (Astragalus sieversianus), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи лубиёиҳо. Баландиаш то 150 сантиметр, пояаш дарунхолӣ, бо пашмаки зич пӯшида шудааст. Баргаш мураккаб (дарозиаш 15—30 сантиметр), аз 8—20 ҷуфт баргча иборат аст; баргчааш дарозрӯяи эллипсӣ (дарозиаш 2,5 сантиметр). Хӯшагулаш 3—5-гула, гудбаргаш зардча (даро­зиаш 3,5—4 сантиметр), ғилофакаш мудаввари каме дарозрӯя (дарозиаш …

Муфассал »

Пахтаи Мисрӣ

paxtai-misri

Пахтаи Мисрӣ, саҳеҳаш пах­таи перӯӣ ё маҳиннах (Gos- sypium barbadense), яке аз муҳимтарин зироатҳои техникист. Чигити онро ба мамлакати мо бори аввал аз Миср овардаанд ва аз ин рӯ «пах­таи мисрӣ» ном гирифтааст. Ватани аслии ин намуди пахта бошад, Перу аст. Дар натиҷаи зироати дурудароз пахтаи перуи тамоман тағйир ёфта, …

Муфассал »

Пахтагул

paxtagul

Пахтагул гулхайрии ҳиндӣ, кетмия (Hibiscus syriacus), бутта ё дарахти хурдест аз оилаи тугмачагулҳо. Баргаш З-парра (дарозиаш 5—10 сантиметр, бараш 3—6 сантиметр), гулаш калони зангулашакл (диаметраш то 8—10 сантиметр), сафед, гулобӣ, сурх, кабуд, бунафш ва ғайра, ғӯзааш байзашакл (дарозиаш 2,3 сантиметр), тухмаш гурдашакл (вазни 1000-тоаш 13—15 грамм). Пахтагули худрӯй дар Ҳиндустон, …

Муфассал »

Пауперизм

pauperizm

Пауперизм (аз лотинӣ pauper — камбағал, бенаво), бенавоии меҳнат- кашони чамъияте, ки ба моликияти хусусӣ будани воситаҳои истеҳсолот, нобаробарӣ, истисмори одам аз тарафи одам асос ёфтааст ва оммаи васеъ аз воситаҳои зарурии зиндагӣ маҳруманд. Дар ҷамъияти капиталистӣ Пауперизм натиҷаи ногузири таъсири Қонуни умумии андӯхти капиталис­тӣ мебошад. Дар замони империа­лизм, алалхусус, …

Муфассал »

Паулюс Фридрих

paulys-fridrix

Паулюс (Paulus) Фридрих (23. 9. 1890; Брейтенау, Гессен—1. 2. 1957, Дрезден), генерал-фелдмаршали немис-фашист (1943). Аз соли 1910 дар хизмати ҳарбӣ. Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳон (1914—48). Солҳои 1935— 39 сардори штаби қушунҳои танкӣ. Солҳои Ҷанги дуюми ҷадон (1939— 1945) дар давраи истилои Полша сардори штаби армияи 4-ум, дар амалиёти муқобили Франсия …

Муфассал »