Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЦЕЗИЯ

ЦЕЗИЯ

caesium

ЦЕЗИЯ (лот. Caesium), Cs, элементи химиявии гуруҳи 1 системам даврии Менделеев, рақами ат. 55, массаи ат. 132,9054. Цезия металли ишқорӣ буда, зарди тиллоранг, зудгудоз, монанди мум нарм аст; Зичияш 1,908 г/см3, t гуд. 28,5°С). Дар ҳаво якбора аланга гирифта, дар об бо таркиш ба реакция меравад. Дар табиат элементи нодир аст, минерали поллуцитро ба вуҷуд меоварад. Цезий барои сохтани фотокатодҳо, фотоэлементҳои электровакуумӣ ва диг. асбобҳои электронӣ истифода мешавад. Цезия микрокомпоненти химиявии доимии организми набоботу ҳайвонот аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …