Главная / Илм / Бурҷи САРАТОН

Бурҷи САРАТОН

САРАТОН (арабӣ, харчанг; лотинӣ Сапсег, русӣ Рак), бурҷи чорум аз бурҷҳои дувоздаҳгона. Равшаноии муниртарин ситорааш ба 3,5 қадри ситоравии зоҳирӣ баробар аст. Дар бурҷи Саратон тарокуми мансураи ситораҳои М 44 воқеъ гардидааст. Ду ҳазор сол қабл аз ин инқилоби зимистонаи Офтоб дар ҳамин бурҷ ба амал меомад. Аз ин ҷост, ки мадори (тропикӣ) шимолии Заминро Мадори Саратон меноманд. Аз хоки Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР Саратонро аввали баҳор, тирамоҳ ва зимистон мушоҳида кардан мумкин аст. Нигаред, Осмон.

burjho

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САТҲ (дар математика)

САТҲ (дар математика), яке аз мафҳумоти асосии геометрия аст, ки дар фаслҳои мухталифи он маъноҳои …