Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Булбул Мамедов

Булбул Мамедов

Мамедов Булбул – (ном ва фамиляи аслиаш Муртазо Машҳадӣ Ризо ӯғлӣ Мамедов. Санаи 22-юми июни соли 1897 дар маҳалиллаи Хонбоғи назди шаҳри Шуша таваллуд шуда санаи 26.9.1961 дар Боку фавтидааст).  Мамедов Булбул сарояндаи озар (тенори лирикӣ-драмавӣ). Бо лақаби «Булбул» машҳур буд. Мусиқидон ва фолклоршинос. Сарояндаи халқии Иттиҳоди шӯъравӣ (аз соли 1938). Асосгузори театри мусиқии Озарбойҷон. Фаъолияти сарояндагии Мамедов соли 1916 оғоз ёфт. Аз соли 1920 солисти Театри давлатии Озарбойҷон (баъдтар Театри опера ва балети ба номи М. Ф. Охундов).

Булбул Мамедов

Баъди хатми Консерваторияи Боку (1927) барои такмили ихтисос ба шаҳри Милан (Итолё, 1931) рафт. Иҷрокунандаи партияҳои Маҷнун («Лайлӣ ва Маҷнун»-и У. Ҳоҷибеков), Герцог («Риголетто» Ҷ. Верди), Ошиқ-Ғариб («Шоҳсанам»-и Р. М. Глиэр), Алиёр («Наргис»-и М. Магомаев), Capo («Авуш»-и А. Т. Тигранян), Каварадосса («Тоска »-и Ҷ Пуччини). Яке аз ролҳои машҳури Мамедов роли Равшан («Гуруғлӣ»-и У. Ҳоҷибеков) мебошад, ки онро 400 маротиба иҷро кардааст (1937—57). Бо барномаҳои консертӣ низ баромад мекард. Аа соли 1932 муаллими (аз 1940 профессор) Консерваторияи Боку. Ташкилотчӣ ва роҳбари кабинети республикавӣ оид ба тадқиқи илмии мусиқӣ (1932— 1944) буд. Депутати шӯрои Олии Озарбойҷон (даъватҳои 1—3). Лауреати Мукофоти давлатии Иттиҳоди шӯравӣ (аз соли 1950). Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Ордени «Нишони Фахрӣ» мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …