Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯСЕНСКИЙ Бруно

ЯСЕНСКИЙ Бруно

bruno_jasienski

ЯСЕНСКИЙ Бруно (Виктор Яковлевич) (17.07.1901, мавзеи Климонтови уезди Сандомир, губернияи Радом, ҳозира Полша-20.10.1941), нависандаи поляку рус. Аз оилаи табиб. Ун-ти Краковро хатм кардааст (1922). Асарҳояш аз соли 1918 чоп шудаанд.  Мунаққидони буржуазӣ ба ӯ «болшевики назми поляк» ном дода буданд. С.1924 муҳарири газетаи комунистии «Минбари коргар» (Лвовь) буд. Мақолаҳои И. В. Ленин, шеърҳои В. Маяковскийро ба забони полякӣ тарҷума мекард. Соли 1925 ба Франция ҳиҷрат карда, узви Партияи Комунистии Франция ва революцениории касбӣ шуд. С. 1928 дар ҷавоби панфлети нависандаи франсавӣ П. Моран «Манн Маскваро оташ мезанам»-ро менавишт. Пас аз нашри роман дар г. «Юманите» аз Франция ронда шуд.

Аз с.1929 дар СССР зистааст. Котиби Иттиҳодияи байналхалқии нависандагони коргар, муҳарири журнали полякии «Маданияти омма» с-ҳои 1931-32 муҳаррири ж. «литература мировой революции» («Адабиёти инқилоби революционии ҷаҳонӣ») буд. Аз с. 1930 ба забони русӣ эҷод кардааст. С-ҳои 1930 песаҳои ҳаҷвии «Базми хӯсаҳо» (1931), якчанд новелла, повести ҳаҷвии «Бинӣ» (1936), романи «Суиқасди фориғболон» (1936—37) нотамом, нашри қ. 1, 1956) ва ғ.-ро навишт. Дар эҷодиёти Я. романи «Одам пусти худро дигар мекуеад» қисмҳои 1-2, 1932 тарҷ. тоҷ. 1936-37 мавқеи ҷудогона дорад. Дар он азнавсозиҳои социалистии Тоҷикистон ва муборизаи синфӣ, фатҳи заминҳои ташналаби Вахш тасвир шудаанд.

Я. бо Айнӣ ва Лоҳутӣ  (ҳангоми кор дар ИН ССР) шинос шуда буд. М.Миршакар прототипи персонажи романи ӯ Карим Насриддинов мебошад. Ғанӣ Абдулло драммаи «Води бахтро» дар таъсири романи Я. офаридааст.

Ад., Костюченко Н. Бруно Ясенсикй в Таджикистане. «Дружба народов» 1972., №11: Гордон Я. И. Открытие Таджикисана., Д.1981.

С. Табаров

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …