Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БРАЗИЛИА

БРАЗИЛИА

braziliaБРАЗИЛИА (Brasilia), шаҳр, пойтахти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия (аз 1960). Дар қисми марказии паҳнкӯҳи Бразилия, дар канори ҷанубии қаторкӯҳи Серра-Жералду-Паранан, дар баландии 1100 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Аҳолиаш 2,7 млн нафар (2011). Бразилиа бо ҳудуди атрофаш округи федералиро ташкил медиҳад. Қарор дар бораи бунёди Бразилиа дар Конгресси миллии соли 1955 барои ба тасвиб расондани моддаи махсуси Конститутсияи соли 1891 дар бораи аз Рио-де-Жанейро (бо кӯшиши Ж. Кубичек) ба мар­кази мамлакат кӯчондани пойтахти он қабул гардид. Бунёди шаҳр соли 1957 оғоз ёфт. 22 апрели 1960 пойтахт аз Рио-де-Жанейро ба Бразилиа кӯчонда шуд. Бразилиа роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард, аэропорти байналмилалӣ дорад. Саноаташ кам тараққӣ кардааст. Дар Бразилиа биноҳои Конгресси миллӣ, қасри Президент (Паласну-ду-Планалту), биноҳои Вазорати корҳои хориҷӣ (Паласну-Итамарати), Вазорати адлия, Суди Олӣ; дар соҳили обанбор («минқор»-и паранда) – қароргоҳи Президент – қасри Паласну-де-Алворада, қад-қади майдони Эйшу-Фундаментал мағозаҳо ва биноҳои ди­гари ҷамъиятӣ ҷойгир шудаанд. Калисои ҷомеъ (1967, меъмор О. Нимейер) ва Театри Миллӣ аз ҷумлаи бино­ҳои барҷастатарини шаҳр мебошанд. Дар Бразилиа Донишгоҳи федералии Бразилия мавҷуд аст. Ёдгориҳои таърихии Бразилиа: Катетиню – бинои чӯбин, собиқ қароргоҳи Президент, нахустин бинои шаҳри оянда (1956), Дахмаи (мадфани) ёдгории Ж. Кубичек (собиқ Президенти Бразилиа) бо муҷассамаи пояаш 28 метр ва китобхона, Пантеони Ватан, ки ба Прези­дент П. Невис бахшида шудааст, осорхонаҳои инфиродии Л. Кости (зеризаминӣ), О. Нимейер (меъмор). Ҳамчунин Осорхонаи таърихи Бразилиа, осорхонаи санъат, осорхонаи миллии сангҳои гаронбаҳо, китобхонаи марказӣ, боғи ҳайвонот, боғи ботаникӣ, боғи чархофалакҳои обӣ мавҷуданд. Дар шафати шаҳр боғи миллии Бразилиа («Боғи обҳои менералӣ») дар масоҳати 30 ҳазор гектар воқеъ аст. Дар дарғоти обан­бор НБО-и хурд сохта шудааст, ки шаҳрро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Бразилиа ягона шаҳри асри 20 аст, ки ба феҳристи Мероси умумиҷаҳонии СММ (ЮНЕСКО) дохил карда шудааст.

Адабиёт: Новая российская энциклопедия. Т. III (1) Москва,  2007.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …