Маълумоти охирин
Главная / Илм / БРАГИНСКИЙ Иосиф Самуилович

БРАГИНСКИЙ Иосиф Самуилович

braginsky_isБРАГИНСКИЙ Иосиф Самуилович (18.06.1905, Боку 1989, Маскав), шарқшинос, муҳаққиқи адабиёти классикии форс-тоҷик ва адабиёти муосири тоҷик, доктори илмҳои фило­логия (1954), профессор (1959), узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1955). Хатмкар­даи шуъбаи Ҳиндуафғонии факултети иҷтимоӣ-сиёсии Донишкадаи шарқшиносии Маскав (1931). Брагинский ходими илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС (ҳоло Руссия; 1950-89), Институти адабиёти ҷаҳони Академияи илмҳои ИҶШС (1956-67), сармуҳарири маҷаллаи «Народы Азии и Африки» (1957-87) буд. Дар ҶБВ (1941-45) ширкат дошт. Аз соли 1940 то 1952 сардори яке аз шуъбаҳои Саруправленияи сиёсии Артиши Шӯравӣ буд. Солҳои 1933—40 дар мақомоти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (мудири шуъбаи ташвиқот, муҳаррири маҷаллаи «Ба ёрии коркунони партиявӣ» ва ғайра) кор кардааст. Дар ҳамин давра Брагинский ба адабиёти шифоҳии халқи тоҷик гурӯғлихонон дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон, махсусан Данғара таваҷҷуҳ намуд. Маводро барои асарҳояш оид ба эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик ва адабиёти классикии форс-тоҷик дар ҳамин солҳо ҷамъ овардааст. Беш аз 400 асари илмиаш, аз он ҷумла монографияҳову рисолаҳои калонҳаҷмаш ба табъ расидаанд. Яке аз корҳои муҳимми дар солҳои 40 асри 20 иҷронамудаи Брагинский таълифи сарсухан ба китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) мебошад. Брагинский дар баргузории Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1941) фаъолона ширкат дошт (мақолаи «Ҳазор соли адабиёти тоҷик», газетаи «Правда», 1941, 21 апрел). Умуман, дар солҳои баъдӣ, то охири умр аксар китобу мақолаҳои Брагинский бо мақсади тарғибу ташвиқ ва шиносонидани хонандагони русзабон (дар собиқ ИҶШС) буд («Поэзия таджикского народа» дар китоби «Антология таджикской поэзии», Москва,  1951; «Одинадцать веков таджикской поэзии», маҷаллаи «Дружба наро­дов», 1973, № 8; «Очерки по истории таджикской литературы», 1957; «От Авесты до Айни» (Исследования по истории таджикской литературы, 1981 ва ғайра). Ба воситаи ин асарҳо Брагинский чун тоҷикшиноси барҷаста маъруф шуд. Брагинский аз монографияи нахустинаш «Из истории таджикской народной поэзии. Элементы народно-поэтического твор­чества в памятниках древней и средневековой письменности» (Москва,  1956) ба омӯзиши таърихи адабиёти форс-тоҷик оғоз намуда, ин корро то охири умр дар асарҳои дигараш, аз ҷумла «Из истории таджикской и персидской литературы» (Москва,  1972; Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, 1974); «12 миниатюр. От Рудаки до Джами» (Москва,  1976) ва ғайра идома дод. Брагинский муҳаққики барҷастаи ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ мебошад (рисолаи «О мастерстве Рудаки»). Рисолаи дар бораи Рӯдакӣ навиштаи Брагинский чун беҳтарин асар соли 2008 ба муносибати ҷашни 1150-солагии Рӯдакӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуд.

Брагинский дар адабиётшиносии собиқ ИҶШС ва тоҷик яке аз нахустин муҳаққиқони ҳаёт ва эҷодиёти С. Айнӣ мебо­шад. Дар солҳои 40 асри 20 Брагинский бо С. Айнӣ дар масъалаи таъйини ҳиссаи халқи тоҷик ба мероси адабиёти классикии форс-тоҷик шарик буд. Аз вохуриҳо ва суҳбатҳову баҳсҳояш дар китоби «Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ» (Душанбе, 1968) иггилоъ додааст. Ба муносибати ҷашнҳои 90-солагӣ ва 100-солагии С. Айнӣ низ Брагинский «барги сабзе» (ибораи Брагинский) пешкаш кардааст.

Брагинский дар таҳриру тадвини «Очеркҳои таърихи адабиёти советии тоҷик» (ҷилдҳои 1-2, 1956, 1957) ва тарҷумаи русии ҳамин китоб (дар як ҷилд, 1961) ширкат дошт. Яке аз муҳаррирон ва мушовирони «Таърихи адабиёти со­ветии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» буд.

Бо муқаддима, таҳрир, тарҷумаи Брагинский китобҳои бисёре ба забони русӣ ба табъ расидаанд. («Гуругли: таджик­ский народный эпос», Москва,  1987; «Иранская сказочная энциклопедия». Москва,  1971 – ин китоб инчунин аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик ба табъ расонда шуд; «Поэзия и проза Древного Востока», Москва,  1973 – ҷилди 1-ум аз 200 ҷилди «Библиотека всемирной литературы» – «Осори адабиёти ҷаҳон»; Бертельс Е. Э. «История персидско-таджикской литературы». Москва,  1960; Ян Рипка «История персидской и таджикской литерату­ры». Москва,  1970 ва ғайра). Брагинский донишманди қомусӣ буд. Дар донишномаҳои муътабари ИҶШС «Краткая литературная энциклопедия», «Большая советская энциклопедия», «Ми­фы народов мира», ЭСТ, ҷилди махсуси «Таджикская ССР» оид ба адабиёти форс-тоҷик, намояндагони он, асотири мардуми ориёӣ мақолаҳо навиштааст. Брагинский дар конгрессу симпозиумҳои бузурги ҷаҳонӣ оид ба шарқшиносӣ ва эроншиносӣ ширкат ва суханронӣ кардааст. Аксар адабиётшиносони тоҷик тарбиятдидагони мактаби адабиётшиниосии Брагинский, идомадиҳандагони консепсияи адабиётшино­сии ӯ мебошанд. Вакили халқ дар Шӯроии Олии ҶШС Тоҷикистон буд. Бо орденҳои Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1), «Ситораи Сурх», медалҳо, грамотаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви Иттифоқи нависандагон аз соли 1964.

Осор: Жизнь и творчество Садриддина Айни. Москва,  1959; Персидская литература. Москва,  1963; К итогам дискуссии о периодизации и истории литератур Востока (тезисы). Москва,  1965; К спорам о генезисе героичес­кого эпоса. // «Советская этнография», 1966, № 1; Интернациональное и национальное в литературах Востока. // «Народы Азии и Африки», 1971, № 1; Проблемы творчества Садриддин Айни. Душанбе, 1974; Проб­лемы востоковедения. Актуальные вопросы восточного литературоведения. Москва,  1974; Западновосточный синтез и творчество С. Айни. Душанбе, 1986,

Адабиёт: Иосиф Самуилович Брагинский (Материалы к библиографии ученых Таджикистана). Душанбе, 1966; Большая советская энциклопедия Т.З. Москва, 1970.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …