Маълумоти охирин
Главная / Илм / БРАГИНСКИЙ Борис Маркович

БРАГИНСКИЙ Борис Маркович

braginskiyБРАГИНСКИЙ Борис Маркович (17.1.1926, шаҳри Киев – 31.8.1972, Гродно), терапевт, доктори илмҳои тиб (1965), профессор (1969). Хатмкардаи Институти тиббии шаҳри Киев (1947). Ходими ил­мии Институти тадқиқоти илмии ғизои Вазорати ҳифзи сиҳҳати Украина (1947-53), ассистент ва дотсенти кафедраи терапияи факултативии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1953-58), сартерапевти Вазорати тандурустии Тоҷикистон (1958-62). Фаъ­олияти минбаъдааш ба сифати мудири кафедраи терапияи факултативии Институти тиббии шаҳри Гроднои Белоруссия (1963-72) идома ёфтааст. Брагинский доир ба мубодила ва таъсири витаминҳои гуногун ба организми одам, хусусан ба ҷигар, инчунин амрози хун, физиотерапия таҳқиқот анҷом додааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …