Маълумоти охирин
Главная / Илм / БРАГЕ Тихо

БРАГЕ Тихо

tiho-brageБРАГЕ Тихо (14.12.1546, Кнудструп, Дания, ҳозира ҳудуди Шветсия – 24. 10.1601, Прага), мунаҷҷим ва кимиёдони даниягӣ. Браге бори нахуст дар Аврупо мушоҳидаҳои нуҷумии мунтазам ва фавқуддақиқро анҷом дод ва дар асоси он шогирдаш И. Кеплер қонунҳои машҳури худро кашф намуд. Браге чанд афзори нуҷумиро такмил дод, ки барои мушоҳидаҳои дақиқи ҷирмҳои осмонӣ мусоидат намуданд. Ӯ ҷадвалҳои офтобиро таҳия намуд ва давомоти солро бо хатоии то 1 сония чен кард. Соли 1572 Браге дар бурҷи Зотулкурсӣ ситораи навро мушоҳида намуд. Соли 1592 аввал рӯйхати 777 ситора, си­пас (1598) 1004 ситораро тартиб дод. Браге соли 1576 расадхонаи Ураниборгро (наздики Ко­пенгаген) сохт ва дар он ҷо 21 сол ситораву сайёра ва зузанабҳоро мушоҳида намуда, вазъи ҷирмҳоро бо саҳеҳӣ муайян кард. Дар ҳаракати Моҳ ду нобаробарии навро ош­кор сохт. Браге инчунин тағйирёбии даврии тамоюли мадори Моҳро нисбат ба мадори Офтоб (эклиптика) муайян карда, ҷадвалҳои инкисор (рефраксия)-ро тартиб дод. Вай исбот намуд, ки зузанабҳо ҷирмҳои осмонӣ буда, аз Замин назар ба Моҳ дуртар меистанд. Браге системаи офтобмарказии Коперникро инкор карда, системаи заминофтобмарказии оламро пешниҳод намуд, ки аз мувофиқати таълимоти Батлимус ва Коперник иборат буд: Офтоб, Моҳ ва ситораҳо дар гирди Замини беҳаракат давр зада, ҳамаи сайёраҳо ва зузанабҳо дар гирди Офтоб чарх мезананд. Браге гардиши шабонарӯзии Заминро низ инкор мекард. Ба ифтихори Б. дар Моҳ ва Миррих танура (Тихо) ва дар Копенгаген ахтарнамо (планета­рий) номгузорӣ шудаанд.

Адабиёт: Белый Ю. А. Тихо Браге. Москва,  1982.               

А. Раҳмонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …