Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БРАГАНСА

БРАГАНСА

bragan%d1%81a_portugalБРАГАНСА (braganca), сулолаи подшоҳони Португа­лия (1640-1853) ва императорони Бразилия (1822-1889). Дар Португалия онҳо насаби худро аз герсог Жуан Браганса, ки баъди ҷудошавии Португалия аз Испания соли 1640 бо номи Жуани IV подшоҳи Португалия эътироф гардид, шурӯъ мекунанд. Намояндагони сулолаи Браганса дар Португалия: Жуани IV (1640-56), Алфонсуи VI (1656—83), Педруи II (1683-1706), Жуани V (1706-50), Жозеи I (1750-77), Марияи I (1777-1816), Педруи III (1777-86) Жуани VI (1816-26), Педруи IV (1826), Марияи II да Глориа (1834-53). Баъди соли 1853 дар Португалия намоян­дагони сулолаи Браганса-Кобургҳо ҳукмрон буданд. Хонадони Браганса – Кобургҳо дар Португалия аз соли 1853 то сар задани инқилоби Португалия дар соли 1920 ҳукмронӣ кардаанд. Ҳукмронии сулолаи Браганса дар Бразилия аз Педруи I (1822-31; писари Жуани VI португалӣ) шурӯь мегардад, ки баъди ҷудо шудани Бразилия аз Португалия император эътироф шудааст. Дар даврони ҳукумати пи­сари ӯ Педруи II (1831-89) ин сулола аз тахт барканор гашта, Бразилия соли 1889 ҷумҳурӣ эълон шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …