Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БРАГАЛЯ Антон Ҷулио

БРАГАЛЯ Антон Ҷулио

anton_dzhulio_bragaliaБРАГАЛЯ (Bragalia) Антон Ҷулио (1890-1960), коргардони театрии итолиёӣ, рассом, оператори кино, мунаққид ва назарияпардози санъат. Яке аз намояндагони маъруфи футуризми Итолиё. Солҳои 1919-43 намоишгоҳи ба но­ми «Каза д’арте» дошт, ки дар он асарҳои рассомони пешгоми тамо­ми равияҳо ба маъраз гузошта мешуданд. Брагаля барои таҷдиди саҳнаи итолиёӣ, ҷорӣ намуда­ни воситаҳои техникие, ки қудрати ба театр додани шакл­ҳои нави балоғатро доранд, мекӯшид. Асари асосии назариявии Брагаля «Дар бораи театр» (1927) мебошад. Брагаля дар бо­раи санъати саҳна, аз ҷумла масъалаҳои ниқоб силсилаи асарҳо навиштааст. Солҳои 1922-31 театри шахсии «Театри мустақилҳо»-ро ташкил ва роҳбарӣ намуд. Солҳои 193743 роҳбарӣ бадеии Театри бадеии Рим буд. Барои намоиш додани пйесаҳои классикӣ ва муосири хориҷӣ дар саҳнаи Итолиё мусоидат намуд, пйесаҳои драматургҳои аҳди Эҳё, матнҳои нодири муаллифони итолиёӣ ва хориҷиро ба саҳна мегузошт. Якчанд филм ба навор бардоштааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …