Маълумоти охирин
Главная / Илм / БРАДИКАРДИЯ

БРАДИКАРДИЯ

bradikardiyaБРАДИКАРДИЯ (аз юнонӣ bradus – кам ва kardia – дил), як навъ иллати дил, ки басомади кашиши он дар як дақиқа аз 60 зарба кам аст. Брадикардия дар одамони солим ва варзишгарон низ ба мушоҳида мерасад. Инҳисори куллии дил бо басо­мади 40-30 зарбаи набз дар 1 дақиқа боиси осеби майна ва беҳушию аз фаъолият бозмондани дил мешавад. Дар беморон сабаби асосии пайдоиши Брадикардия омос, варам ва обварами майна, хуншории мағзи сар, таъсири баъзе доруҳо аст. Брадикардия дар мавриди ангезиши рефлексии ҳаста (ядро)-и асабҳои гумроҳ ва камони аорта (шоҳраг), тазйиқ ёфтани гузаи чашм, ангезиши ретсепторҳои роҳи болои нафас (масалан, аз таъсири буғи аммиак), шикампарда, сифоқ ва узвҳои дарунӣ (масалан, ҳангоми халаи ҷигар) низ падид ме­ояд. Заъфи фаъолияти ғадуди сипаршакл ва гуруснагӣ низ муҷиби Брадикардия мешаванд. Барои пешгирӣ ва муолиҷаи Брадикардия сабабҳои онро рафъ сохтан лозим аст. Нигар низ Аритмия.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …