Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОЗЁФТҲОИ ҚУМРОН

БОЗЁФТҲОИ ҚУМРОН

bozyofti_kumronБОЗЁФТҲОИ ҚУМРОН, Харобаҳои Қумрон, дастнависҳои қадимӣ, маснуоти кулолӣ ва сиккаҳое, ки солҳои 1947-56 аз ғорҳои Қумрон вокеъ дар якунимкилометрии шимоли ғарбии Баҳри Майит ёфт шудаанд. Дар давоми ҳафриёт аз 11 ғори наздики бошишгоҳи қадим 900 баста навиштаҷоти рӯйи пуст ва папирус, шумораи бисёри зарфҳои гилӣ, шишаӣ ва теъдоди хеле зиёди тангаҳо (569 сиккаи нуқра ва 681 тангаи биринҷӣ) пайдо шудаанд. Навиштаҷот ба асрҳои 3 пеш аз милод ва асри 1 милод мансуб мебо­шанд. Дар байни бозёфтҳо аввалин дастхатҳои Инҷилу Таврот низ ҳастанд.

Муфассалтар нигар Харобаҳои Қумрон.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …