Маълумоти охирин

БОЗЁФТ

bozyoftБОЗЁФТ, дар ҳуқуқ ёфтани чизи гумшуда аз тарафи касе, ки барои ин ӯ дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муайян мегардад. Тибқи талаботи қонун шахсе, ки ашёи гумшударо ёфтааст, уҳдадор аст шахси гумкардаи ашё ё дигар шахси ба ӯ шиносро, ки ҳуқуқи гирифтани молро доранд, огоҳ созад ва ашёро баргардонад. Агар ашё дар бино ё нақлиёт ёфт шуда бошад, бояд ба намояндаи соҳиби ин бино ё воситаи нақлиёт супорида шавад. Шахсе, ки ба ӯ ашёи ёфтшуда супурда мешавад, ҳуқуқ ва уҳдадории шахси ашёёфтаро пайдо мекунад. Дар сурати номаълум будани шахси дорои ҳуқуқи талаб кардани ашёи ёфтшу­да ё аниқ набудани маҳалли иқомати ӯ шахси ашёёфта вазифадор аст, ба милитсия ё мақоми дахлдори давлатӣ хабар диҳад. Шахси ашёёфта ҳуқуқи дар худ нигоҳ доштани он ё супоридан барои нигоҳдошт ба милитсия ё ба мақомоти маҳаллии хокимияти давлатӣ, ё шахси муайяннамудаи онҳоро дорад. Ашёи зуд вайроншаванда ё ашёеро, ки хароҷоти нигоҳдориаш нисбат ба арзиши он хеле зиёд аст, шахси ашёёфта метавонад фурушад ва оид ба маблағи фуруш далели хаттии тасдиқкунанда гирад. Маблағи аз фуруши Бозёфтшуда бадастомада бояд ба шахсе, ки ба гирифтани он ҳуқуқ дорад, баргардонида шавад. Шахси ашёро Бозёфтнамуда барои гум кардан ё иллатнок кардани ашё танҳо дар ҳолатҳои қасдан ё беэҳтиётии дағал ва ба андозаи арзиши ашё масъулият дорад (моддаи 251 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон). Бо сипарӣ шудани шаш моҳ аз рӯзи муроҷиат ба милитсия ё мақоми дахлдо­ри давлатӣ оид ба Бозёфти ашё, агар шахси ба гирифтани ашё ҳуқуқдор муайян нагардад ва аз ҳуқуқи худ ба ашё ба шахси ашёро ёфта, ё милитсия, ё мақоми дахлдор арз накунад, дар он сурат шахси ашёёфта ба он ҳуқуқи моликӣ пайдо мекунад. Дар мавриди аз соҳибӣ кардан даст кашидани шахси ашёёфта он ба моликияти давлат мегузарад (моддаи 252 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Шахсе, ки ашёро Бозёфт намуда, ба шахси ба гирифтани он ваколатдор супоридааст, барои аз ӯ ва дар сурати ба мо­ликияти давлат гузаштани ашё аз мақоми дахлдори давлатӣ талаб кардани ҷуброни хароҷоти зарурии вобаста ба нигоҳдошт, баргардонидан ё фурӯши ашё, инчунин ҷуб­рони хароҷоти ёфтани шахси ба гирифтани ашё ваколат­дор ҳуқуқ дорад. Шахси ашёёфта барои Бозёфт ҳуқуқ дорад аз шахсе, ки ба гирифтани ашё ваколатдор шудааст, то бист фоизи арзиши ашё подош талаб намояд. Агар хуҷҷат ё ашёи дигари ёфташуда танҳо барои шахси ба гирифтани он ваколатдор дорои арзиш бошад, андозаи подош тибқи созишномаи байни онҳо, дар сурати ба созиш наомадан – аз ҷониби суд муайян карда мешавад. Агар шахси ба та­лаб карда гирифтани ашё ваколатдоршуда барои баргардонидани ашёи гумшуда ба таври оммавӣ мукофот эълон карда бошад, подош мутобиқи шарти ба таври оммавӣ эълоншуда пардохта мешавад. Шахси ашёро Бозёфтнамуда ҳуқуқ дорад, то лаҳзаи пардохти подош ба ғайр аз ҳуҷҷате, ки танҳо аз ҷониби шахси ба талаб карда гирифтани он ваколатдор истифода шуданаш мумкин аст, ашёи ёфтаашро нигоҳ дорад. Дар сурати иттилоъ надодани шахси чизёфта аз Бозёфти он ва кӯшиш барои пинҳон доштани он масъалаи ҳуқуқ ба подош ба миён намеояд (моддаи 253 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ҳангоми дар ин замина ба миён омадани баҳс он аз тарафи суд тибқи муқаррароти КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мурофиаи даъват баррасӣ мегардад.

Адабиёт: Кодекси граждании Ҷумуҳурии Тоҷикистон. К,исми I. Душанбе, 1999.

Д. Абдуллоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …