Главная / Ҷамъият / БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ (БДА)

БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ (БДА)

bdaБОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ (БДА), шакли махсуси мақомоти идоракунӣ ва назорати давлатӣ, ки бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ таъсис дода шудааст. БДА моҳи марти соли 1936 дар марказ ва дар ҷойҳо ба тобеияти Сарраёсати милитсияи коргару деҳқон гузаронида шуда, 3-юми июли ҳамон сол Шурои Ко­миссариати халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Низомномаро «Дар бораи Бозрасии давлатии автомобилӣ» тасдиқ намуд. Соли 1930 пас аз ба ҷумҳурӣ ворид гаштани корвони аввалини автомобилҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон барои ташкил намудани хадамоти миллии БДА қарор қабул кард.

Низомномаи Шуъбаи БДА-и Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 19 декабри 1963 ба тасвиб расида, бо фармони Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тахти № 188 аз 27 июни 1964 эълон карда шуд. Моҳи ноябри 1967 Шӯрои Вазирони ИҶШС «Дар бораи рушди бехата­рии ҳаракат дар шаҳрҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва роҳҳои автомобилгард» қарори дахлдор қабул намуд, ки самти асосии фаъолияти БДА-ро оид ба пешгирии фалокатҳои нақлиёт дар роҳ муайян менамуд. Вазифаҳои нав дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, дар сохтор, шакл ва тарзи фаъолияти БДА тағйироти сифатан куллиро ворид намуд. Соли 1980 шуъбаи БДА-и ВКД Тоҷикистон ба Раёсати БДА-и ВКД Тоҷикистон табдил дода шуд. Сараввал ба хайати он танҳо як хадамот – шуъбаи ташкили ҳаракат дар роҳ шомил буд. Соли 1981 иловатан бахши назорати техникӣ, гурӯҳи ташвиқоту тарғибот, бахши тахлилу ҳисоботӣ ва бахши роҳбонӣ таъсис дода шуд. Ин тағйирот асоси воқеии тахассусии кори дастгоҳи марказии БДА-ро ташкил медод.

Бо мақсади хуб ба роҳ мондани танзими ҳаракат дар роҳ, қабул намудани маълумот оид ба хусусияти ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, ҷобаҷогузории аломатҳои роҳ ва кашидани хатҳои амудию уфуқӣ соли 1969 дар таркиби БДА идораи махсусгардонидашудаи васлу истифодабарӣ ва азнавсозии воситаҳои техникии танзими ҳаракат ташкил карда шуд. Ба ҳамин монанд идора моҳи ян­вари 1973 аввал дар назди Ҳукумати шаҳри Душанбе, баъдан соли 1986 дар назди БДА ВКД Тоҷикистон ва соли 2005 дар назди Раёсати ВКД Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» (соли 1995) бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали 1998 таҳти рақами №55 Низомномаи БДА ВКД Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Тибқи Низомнома ба зиммаи БДА-и ВКД Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои зерин гузошта шудааст:

  1. Назорати давлатии риояи қоидаҳо, асноди зайли амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар асноди меъёрие, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои иштироккунандагони ҳаракат дар роҳро муқаррар мекунанд; қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳо ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо, иншооти роҳ, гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва хатҳои нақлиёти барқии шаҳрӣ дар бобати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ; қоидаҳои дар ҳолати барои ҳаракат бехатар нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард, иншооти роҳ ва гузаргоххои роҳи оҳан; қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳо дар бобати гузоштан ва истифодабарии воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ; меъёр ва стандартҳое, ки талаботро ба сохтмон ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт ва ядакҳои таҳти истифода қарордоштаи онҳо дар бобати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи муҳити зист аз таъсири зараровари нақлиёти автомобилӣ муқаррар мекунанд; асноди меъёрие, ки ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳангоми аз нав таҷҳизонидани автомобилҳо, автобусҳо, ядаку нимядакҳо, мототсиклҳо ва дигар воситаҳои нақлиёти муҳаррикдор, воситаҳои махсусгардонидашудаи нақлиёти автомобилӣ дар корхонахо, сарфи назар аз шакли мо­ликият, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандони алоҳида, ки дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият менамоянд; асноди меъ­ёрие, ки талаботро дар бобати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳангоми интиқоли борҳои вазнин, хавфнок ва калонҳаҷм муқаррар мекунанд. 2. Қабули имтиҳонҳо оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва малакаи идора намудани воситаҳои нақлиёт, додани шаҳодатномаҳо дар бораи ҳу­қуқи идора кардани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ. 3. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ядакҳои онҳо, додани хуҷҷатҳои баҳисобгирию бақайдгирӣ ва нишонҳои рақами ба воситаҳои нақлиёт ва ядакҳои бақайдгирифташуда. 4. Ташкил ва доир намудани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ядакҳои онҳо. 5. Танзими ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникӣ ва системаҳои автоматиконидашуда, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҷойҳое, ки корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва чорабиниҳои оммавӣ гузаронида мешаванд. 6. Иштирок дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ. 7. Якҷо бо дигар хадамоти корҳои дохилӣ иҷро намудани супориш ва дастурҳои муфаттиш оид ба ҷустуҷӯи ронандагоне, ки аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки дуздида бурда шудаанд. 8. Тафтишот аз рӯйи парвандаҳо доир ба қонуншиканиҳои маъмурӣ мутобиқи қонун. 9. Амалӣ намудани чораҳои таъхирнопазир дар ҷойи руйдоди ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, аз ҷумла андешидани тадбирҳо барои берун баровардани одамон ва расондани ёрии аввалияи тиббӣ, ҳамчунин ёрӣ барои интиқоли воситаҳои нақлиёти осебдида ва ҳифзи амволе, ки дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт беназорат мондааст. 10. Дар ҳудуди салоҳияти худ ва мутобиқи қонун ба роҳ мондани тафтишот аз рӯйи парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар соҳаи ҳаракат дар роҳ содиршуда. 11. Бақайдгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва чораҳои дар ин бобат андешидашуда, воситаҳои нақлиёти автомобилии бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифташуда. 12. Омӯхтани шароити ҳаракат дар роҳ, андешидани тадбирҳо дар хусуси такмили ташкили ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, бо тартиби муқарраршуда ба мувофиқа расонидани лоиҳаҳои ташкили ҳаракат дар шаҳрҳо ва роҳҳои автомобилгард, барномаҳои тарбияи мутахассисон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ. 13. Бо тартиби муқарраршуда анҷом додани мушояати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла дар асоси шартнома. 14. Мувофиқа намудани лоиҳаҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо, иншооти роҳ, хатти нақлиёти барқии шаҳрӣ дар бобати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, баррасии масъалаҳои кушодани хатҳои сайри доимии нақлиёти истифодаи умум ва додани хулосаҳо доир ба онҳо. 15. Ташреҳи қонунгузории дар соҳаи ҳаракат дар роҳ амалкунанда ба тавассути воситаҳои ахбори умум, маводди кино, видео ва дигар маводди нашаротӣ, инчунин нашрияҳои худӣ, доир намудани намоишу озмунҳо ва мусобиқаҳо, ҳамкорӣ дар ташкили таълими қоидаҳои ҳаракат ба шаҳрвандон. 16. Яҷо бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои илмии манфиатдор таҳия намудани пешниҳодот дар мавриди баланд бардоштани дараҷаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии қонуншиканӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ. 17. Ошкор сохтани омилҳо ва шароите, ки сабаби рӯй додани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар аъмоли ғайриқонунӣ дар соҳаи харакат дар роҳ мегарданд ва дар ҳудуди салоҳияти худ андешидани тад­бирҳо дар бобати бартараф кардани онҳо.

Иҷрои талаботи шахсони мансабдори БДА ҳангоми дар сари адои вазифаҳои хидматӣ қарор доштаии онҳо барои тамоми ашхос ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳатмист.

М. Саидов.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

muhabbat

МУҲАББАТ

МУҲАББАТ (меҳр, дӯстдорӣ), ҳисси дилбастагӣ, умумияти муносибат ва қаробати байни одамопн ки ба манфиат ва …