Главная / Илм / БОЗРАСӢ

БОЗРАСӢ

pravoБОЗРАСӢ, дар ҳуқуқ низоми азназаргузаронӣ ва назорат (дидбонӣ, нигаҳбонӣ)-и дурусти амали мақомоти зертобеъ ва ашхос; инчунин шакли махсуси мақомоти идоракунии давлатӣ, ки аз тарафи давлат барои зери назорат (дидбонӣ, нигаҳбонӣ) шрифтами иҷрои қоидаҳои барои соҳаҳои муайян муқарраршуда (масалан, Бозрасии бехатарии ҳаракати роҳ, Бозрасии санитарию эпидемиологӣ, Бозрасии бехатарии оташнишонӣ, Бозрасии андоз ва ғайра), бо омехтани вазифаҳои назоратӣ бо баъзе вазифаҳои фаврӣ-қарорқабулкунӣ (аз қабили ҷаримабандӣ, татбиқи дигар чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ) таъсис дода шудаанд. Ба вазифаҳои Бозрасӣ на фақат санҷиши иҷро, балки дар ҷойи санҷиш ё назорат андешидани чораҳои таъсиррасонии маъмурӣ барои бартараф намудани камбудҳои ҷойдошта ва ошкоршуда нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои қабулшуда низ дохил мешавад. Назорати дурустии амали мақомоти зер­тобеъ ва ашхос ё назорати иҷрои қонунҳоро дар соҳаҳои махсус шахси мансабдори махсус — бозрас амалӣ мекунад.

Д. Абдуллоев.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ФАЗЛ

МУҲАММАД ИБНИ ФАЗЛ — (соли таваллуд номаълум — вафоташ 931, Самарқанд), фақеҳи форс-тоҷик. Дар Балх …