Маълумоти охирин

БОЗПЕЧ

bozpechБОЗПЕЧ, 1. Як навъ шаддаи муҳра ё шаба аст, ки барои бозии тифл онро дар чӯби гаҳвора меовезанд. Бозпеч маъмулан аз муҳраҳои якранг ё гуногуни ҷилодору назаррабо, ки ба риштаи тофташуда гузаронида шудаанд, таҳия мешавад. Бозпечро, одатан, модар ё момодоя дар дастаи гаҳвора болои сари кӯдак барои бозӣ ва оромкунӣ меовезанд. Тифл баробари калонтар шудан ба Бозпеч даст расонда, бо он бозӣ мекунад. Баъзан мутобиқи урфи қадимӣ барои чашмгардонӣ ва нигоҳ доштани тифл аз балову офатҳо дар миёни шадда сангҳои нодиру гаронбаҳо, тумор, муҳраи чашм ва дигар ороишоти хосияти некдоштаро ҷой медиҳанд. Дар бораи Бозпеч шоирон низ дар шеърҳояшон ёдовар шудаанд:

Пайи маҳди атфоли ҷоҳат сазад,

Ки иқди Сурайё шавад бозпеч. (Шаҳиди Балхӣ).

Бозпеч ҳамчун бозичаи шавқовари тифлон ва унсури ороишии гаҳвора садсолаҳо истифода шуда, то кунун моҳияташро гум накардааст.

  1. Алвончак, арғунчак, ки дар айёми Наврӯз ё дигар идҳо духтарону занон ва ҷавонон ба он нишаста, дар ҳаво пешу қафо мерафтанд. Бозпечро аз таноб ё арғамчине, ки ба шохи дарахт ё ҷойи баланд баста шудааст, барои савор шудану алвонҷ хӯрдан месохтанд. Дар замонҳои пеш Бозпеч як василаи хуби бозӣ будааст, ки дар он хурдсолону ҷавонон байни худ мусобиқа мекардаанд. Аз ин рӯ баъзеҳо, ҳамчун бозигари мохири Бозпеч, дар алвонҷ хурдан маҳорати баланд доштанд:

Зи ток хӯша фурӯ ҳиштаву зи бод навон,

Чу зангиёне бар бозпеч бозигар.

(Абулмасали Бухароӣ}.                  

Аз замонҳои қадим то имрӯз дар байни мардуми тоҷик як навъ Бозпеч роиҷ аст, ки дар шакли чаҳорчӯби росткунҷа буда, ба он тахта, кампал ё ҷомае васл карда, онро ба ду сутун ва ё тани ду дарахт мебанданд. Дар чунин Бозпеч кӯдакро ба монанди гаҳвора гузошта, бо даст такон медиҳанд. Бозпеч дар маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон бо номхои ҳой, ҳайбод, алвенҷак, арғунчак, бодпеч, вулчак ва ғайра маъмул буда, чун усули бозии шавқовар дар байни кӯдакону наврасон маъмул аст.

Р. Раҳмонӣ

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …