Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОЗОРОВ Шавкат Шарифович

БОЗОРОВ Шавкат Шарифович

imagesБОЗОРОВ Шавкат Шарифович (таваллуд 16.3.1958, Душанбе), иқтисоддон-менеҷери тоҷик, д. и. иқтисодӣ (2001). Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (холо ДАТ; 1979). Солҳои 1979-86 раиси Созмони ҷавонон, озмоишгар (лаборант) ва ассисенти кафедраи истифодабарии техникаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1986-88 сардори шуъбаи ҷорӣ намудани дастовардҳои илмии Кумитаи давлатии агросаноатии Тоҷикистон, 1988— 90 мудири шуъбаи Пажуҳишгоҳи иқтисоди хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. 1990-93 док­торанти Пажуҳишгоҳи иқтисоди хоҷагии қишлоқи ИҶШС (шаҳри Маскав), 1993-94 мудири шуъбаи иқтисоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1994-96 президенти Ассотсиатсияи миллии бизнеси хурд ва миёнаи Тоҷикистон, 1996-97 мушовири директори Заводи алюминийи Тоҷикистон, 1997- 2001 раиси Оҷонсии Тоҷикистон оид ба алоқа бо созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ ва башардӯстона, 2001-2002 иҷрокунандаи вазифаи раиси корпоратсияи ҷумҳуриявии «Хурокворӣ», 2002-10 директори Оҷонсии мустақили таҳқиқоти стратегӣ ва банақшагирии комплекси агросаноатӣ буд. Аз апрели 2010 раиси Созмони ҷамъиятии «Алянси аграрии Тоҷикистон», аз майи 2010 профессор кафедраи менеҷменти Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон, ҳамзамон аз июни 2012 муовини ав­вали Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ. Муаплифи беш аз 100 мақола ва рисолаи илмӣ, дастури таълимӣ ва илмию методӣ. Самти асосии фаъолияти илмии Бозоров иқтисоди кишоварзӣ, менеҷмент, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ме­бошад. Доир ба ин масоил китобҳояш «Агросервиси техникӣ: ҳолат ва дурнамо» (1999), «Асосҳои иқтисодии таш­кили агросервиси техникӣ» (2000), «Самтҳои баланд бардоштани самаранокии сармоягузорӣ дар кишоварзӣ» (2009) ва ғайра ба табъ расидаанд. Феҳристҳои тартибдодаи Бозоров – «100 ширкати пешқадами Тоҷикистон» (1999), «Феҳристи инфрасохтори бозории Тоҷикистон» (2002), «Соҳибкорони варзидаи Тоҷикистон» (2002) аз ҷониби созмонҳои молиявӣ ва соҳибкорӣ хуб пазируфта шудаанд. Онҳо дар тарғибу ташвиқ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мақоми баланд доранд.

Осор: Технический агросервис: теория и методология. Душанбе, 1994; Техничекий агросервис: состояние и перспективы. Душанбе, 1999; Эконо­мические основы организации технического агросервиси. Душанбе, 2000; Совершенствование экономических взаимоотношений в сфере тех­нического агросервиса. Душанбе, 2000; Проект целевой комплексной про­граммы «Стратегия развития инженернотехнической системы АПК Таджикистана. Душанбе, 2000 (ҳаммуаллиф): Реконмендации по соз­данию единой дилерской сети в сельская хозяйстве Таджикистана. Душанбе, 2000 (ҳаммуаллиф); Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон дар бахши амнияти озукаворӣ. Душанбе, 2011 (ҳаммуаллиф); Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди Тоҷикистон. Душанбе, 2011 (ҳаммуаллиф).

М. М. Диловаров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …