Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОЗОРОВ Облоқул

БОЗОРОВ Облоқул

imagesБОЗОРОВ Облоқул (таваллуд 5.10.1932, ноҳияи Булунгур, вилояти Самарқанд, Ӯзбекистон), файласуф, д. и. фалсафа (1973). Соли 1956 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуда, дар ҳамин ҷо ассистенти кафедраи фалсафа буд. Соли 1958 ба Душанбе ома­да, аспирант, ассистент ва дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, аз соли 1965 мудири кафедраи атеизми ҳамин донишгоҳ буд. Аз охири солҳои 70 дар Ӯзбекистон зиндагӣ ва фаъолият дорад. Оид ба ҳавасмандкунии моддию маънавӣ дар истеҳсолот, ҷаҳонбинии атеистии деҳқонон, асосҳои озодии виҷдон ва ғайра асару макола навиштааст.

Осор: Соотношение материальных и моральных стимулов в про­изводственной деятельности людей. Душанбе, 1962; Некоторые осо­бенности и пути формирования атеистического мировозрение таджикского дехканства. Душанбе, 1970; Правовые основы свободы сове­сти в Таджикистане (ҳаммуаллиф.). Душанбе, 1971.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …