Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЗОРОВ Мурод Аҳмадҷонович

БОЗОРОВ Мурод Аҳмадҷонович

imagesБОЗОРОВ Мурод Аҳмадҷонович (таваллуд 29.6.1957, ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷони Ӯзбекистон), байтор, д. и. байторӣ (1994). Хатмкардаи Институти кишоварзии шаҳри Ивановои Руссия (1984). Байторӣ калони Филиали осиёимиёнагии Институти таҳқиқоти илмии умумииттифоқии оқсили Душанбе (1984-86), сарбайтор (1986-87), аспирант (1987-89) ва ходими илмии Институти таҳқиқоти илмии умумииттифоқии оқсили шаҳри Владимири Федератсияи Руссия (1989-90), х. к. илмӣ (1990- 93) ва мудири лабораторияи ташхисоти Филиали осиёимиёнагии Институти таҳқиқоти илмии умумииттифоқии окқсили шаҳри Душанбе (1993), директори Институти осиёимиёнагии оқсили шаҳри Душанбе (1993 -2000), ходими илмии пешбари Муассисаи илмӣ-истеҳсолии «Биопрепаратҳо»-и шаҳри Душанбе (аз 2000). Муаллифи 90 мақолаи илмӣ ва 10 шаҳодатномаи муаллифист.

Осор: Реакция эритроимиунноадсорбции при изучении ящура (ҳаммуаллиф). Владимир, 1989; Иммунноферментный метод с биотинстраптоавидином при ящуре (ҳаммуаллиф). Владимир. 1991; Иммунноферментный метод при диагностике ящура (ҳаммуаллиф). Москва, 1991; Иммунноферментный метод с биотинстрептоавидином при ящуре (ҳаммуаллиф). Душанбе, 1993; Технология и контроль изго­товления противоящурных биопрепаратов с помощью ускоренного ИФМ (ҳаммуаллиф). Харьков, 1993.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …