Маълумоти охирин

БОЗОРӢ

bozoriБОЗОРӢ, як навъ ангури пешпазаки маҳаллӣ; селексияи халқист. Токаш серҳосил, 32-34 дарсади навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш гирдаи панҷпарра, камчоки бепашмак, рангаш сабзи баланд. Аввали май гул карда, аввали июн мепазад. Гулаш дуҷинса, хушааш миёнаҳаҷми махрутшақл (дарозиаш 16 см, бараш 12 см), вазнаш 156-189 ғайра. Ғужбаш миёнаҳаҷми лунда, сиёҳи бу- нафш, 1-2 дона тухм дорад. Ғужмаш тунуки чандир, мумпардааш ғафси сафедтоб; гӯшташ хамирак ё чандир, сершираи хуштаъм. Дар таркибаш 19-22% қанд ва 3,6-4,1 г/л ҷавҳар мавҷуд аст. Дар заминҳои санглоху шӯрхок низ ҳосили баланд (аз 1 га 100— 120 сентнер) медиҳад. Давраи нашваш 93-95 рӯз. Асосан дар қитъаҳои ҳаётаи сокинони ноҳияи Панҷакент, ҳамчунин дар вилояти Самарқанд ва водии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистан вомехурад. Ба сармо тобовар аст, аз касалии гарда каму беш зарар мебинад.

Адабиёт: Ампелография СССР. Малораспространённые сорта вино­града. Т. 1. Москва, 1963; Ампелография Узбекистана. Ташкент, 1984; Энсикюпедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. Душанбе, 1989.

X Маҳмадқулов. Н. Шукуров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …