Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОЗОРИ МОЛИЯВӢ

БОЗОРИ МОЛИЯВӢ

bozori-moliyaviБОЗОРИ МОЛИЯВӢ, низоми муносибатҳоест, ки дар он аз нав тақсим кардани захирахои молиявӣ тавассути миёнаравони молиявӣ сурат мегирад. Бозори молиявӣ аз бозори сар­моя ва бозори пул иборат мебошад. Дар Бозори молиявӣ гардиши сармоя, пешниҳоди қарз, амалиёти табодули пул ва воридсозии маблағхои молиявӣ дар истеҳсолот ба амал ме­ояд. Маҷмӯи талаботу пешниҳодот ба сармояи қарздиҳандагон ва гирандагони он дар кишварҳои гуногун Бозори молиявии ҷаҳониро ба вуҷуд меорад. Таърихан ду намуди асосии Бозори молиявӣ ташаккул ёфтааст: низоми молиявие, ки ба маблағгу­зории бонкии ба ном навъи байниқитъавӣ такя дорад; ни­зоми молиявие, ки ба бозори коғазҳои қиматнок ва низоми маблағгузорони ниҳодӣ (ширкатҳои суғуртавӣ, хазинаҳои маблағгузорӣ ва нафақавӣ ё навъи амрикоӣ – англисӣ) во­баста аст. Бозори молиявӣ ба навъҳои зерин ҷудо мешавад: Бозори сармояҳо, Бозори сармояи саҳомӣ (бозори саҳомӣ), Бозори сармояи қарзӣ (Бозори вомбаргҳо ва векселҳо), Бозори пул, Бозори олатҳои истеҳсолот (дериватҳо), Бозори асъор (форекс).

Адабиёт: Оймаҳмадов М., Раҳимов Ш., Раҳматова Г. Фарҳанги истилоҳоти байналмилалии бонкдорӣ. Душанбе, 1999; Раҳимзода Ш. Муомилоти пулӣ ва қарз. Душанбе, 2008; Мошенский С. 3. Рынок ценных бумаг: транс­формационные процессы. Москва, 2010.                                                                                                                             Ш. Раҳимзода.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …