Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОЗОРИ МЕҲНАТ

БОЗОРИ МЕҲНАТ

bozori-mehnatБОЗОРИ МЕҲНАТ, соҳаи талаботу пешниҳод ба қувваи корӣ. Бозори меҳнат барои ба муҳлати муайян фурӯхтани нерӯи корӣ мусоидат мекунад. Объекти хариду фурӯш дар Бозори меҳнат қувваи корӣ, малака, тахассус ва қобилияти меҳнат аст. Бозори меҳнат ба маънии том силсилаи муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии ҷамъият буда, барои таъмини муттасилу бомароми таҷдиди нерӯи корӣ ва истифодаи босамари меҳнат мусоидат мекунад. Муносибат дар Бозори меҳнат аз ҷониби мақомоти ҷамъиятӣ ва давлатӣ танзим карда мешавад. Бозори меҳнат бахши муҳимми ҳама гуна системаи иқтисодӣ аст, зеро вазъи он дар бештари мавридҳо суръати рушди иқтисодии давлатро муқаррар месозад. Дар шаро­ити рақобати озод талабот ба нерӯи корӣ зери таъсири ду нишондоди асосӣ – музди ҳақиқии меҳнат ва арзиши маҳсули ниҳоии меҳнат (махсули меҳнатӣ коргаре, ки аз ҳама охир киро карда шудааст) ташаккул меёбад. Меҳнати коргари кироя бевосита ба дараҷаи музди меҳнат во­баста аст: музди кор ҳар қадар зиёд бошад, дараҷаи пешниҳоди қувваи корӣ ҳамон қадар меафзояд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …