Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОЗОРИ ҚУВВАИ КОРӢ

БОЗОРИ ҚУВВАИ КОРӢ

bozori-kuvvai-koriБОЗОРИ ҚУВВАИ КОРӢ, қисми ҷудоноипазири иқтисоди бозорӣ. Бозори қувваи корӣ тарзи ҷамъиятию иқтисодии ҳаракати захираҳои меҳнатӣ ва роҳи ба системаи иқтисоди ворид сохтани нерӯи корист. Дар шароити иқтисоди бозорӣ не­рӯи корйӣ мол буда, баҳо ва арзиш дорад. Бозори қувваи корӣ аз рӯйи системаи муносибат байни харидор (корфармо), фурӯшан­да (молики қувваи корӣ) ва зерсохтор (инфраструктура) тавсиф меёбад. Субъектҳои асосии Бозори қувваи корӣ коргари кироя ва корфармо буда, онро даллолон пурра мегардонанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …