Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОЗОРИ ҶАҲОНИИ СОТСИАЛИСТӢ

БОЗОРИ ҶАҲОНИИ СОТСИАЛИСТӢ

bozori-chahoniБОЗОРИ ҶАҲОНИИ СОТСИАЛИСТӢ, маҷмӯи муносибатҳои хариду фурӯш дар низоми ҷаҳонии сотсиализм. Бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бинобар ташаккули системаи сотсиалистии хоҷагидорӣ ва ба роҳ мондани савдои берунӣ бо давлатҳои сотсиалистӣ арзи ҳастӣ кар­да буд. Асоси мубодилоти молии Бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ тақсимоти байналмилалии меҳнат маҳсуб мешуд. Дар империяи Итттиҳоди Шӯравии Сотсиалистӣ се шақли Бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ муравваҷ буданд: давлатӣ, кооперативӣ ва колхозӣ. Мубодилоти молии мамолики сотсиалистӣ ба пешрафти техникӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, беҳтар гардидани сифати молҳои сермасраф ва ғайра мусоидат намуд. Дар Бозори ҷаҳони сотсиалистӣ ҳиссаи бештари савдои берунӣ дар ихтиёри сохторҳои марбутаи давлатӣ (Вазорати савдои хориҷӣ) қарор дошт. Дар ин тиҷорат кооператсия саҳми андакеро соҳиб буд. Бинобар ин душвориҳо пеш омаданд. Аъзои Бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ маҷбур шуданд, ки рӯ ба ҳамгироии иқтисодии ҷаҳони сотсиалистӣ оранд, истеҳсолоти саноатиро махсус гардонанд. Ба ҳамин васила коргоҳҳои нави истеҳсоли техникаи замонавӣ бунёд ёфтанд. Хоҷагидории сотсиалистӣ ба низоми фаъолияти нақшавӣ асос ёфта буд. Аз ин лиҳоз Бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ низ дар асоси нақша амал мекард ва имконоти ба мадди назар гирифтани вазъи бозорро надошт. Кулли қарордодҳо марбут ба нақшахои давлатӣ, равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ ва ғайра буданд. Дар ниҳояти кор муносибатҳои иқтисодии давлатҳои шарик сард гашта, муҷиби костани муттафиқию рафоқат ба Бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ шуд.

Адабиёт.: Дихтяр Г. А. Советская торговля в период социализма и развернутого строительства коммунизма. Москва, 1965; Гоголь Б. И. Экономика советской торговли. Москва, 1971; Исоматов В., Ҳабибов С. Муносибатҳои молию пулӣ дар давраи сотсиализм – муносиба ти типи нав. Душанбе, 1977; Иваницкий В. И. Экономика торговли. Киев, 1978; Экономическом энциклопедия. Политическая экономия. Москва, 1980.                                                                                    

Б. Исоматов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …