Главная / Ҷамъият / БОЗОРИ ҶАҲОНӢ

БОЗОРИ ҶАҲОНӢ

bozori-chahoni1БОЗОРИ ҶАҲОНӢ, яке аз қисматҳои таркибии хоҷагии умумиҷаҳонӣ, ки бахшҳои талабот ва пешниҳодро дар бар мегирад; системаи собити муносибатҳои пулию молӣ байни давлатҳо, соҳибкорон, ташкилотҳои тиҷоратӣ, фирмаҳои давлатҳои гуногун, ки дар тақсимоти байналмилалии меҳнат байни ҳамдигар робита доранд. Бозори ҷаҳонӣ аз намудҳои гуногуни бозори ашё, бозори хидматрасо­нӣ, бозори молиявӣ, бозори захираҳо, аз ҷумла бозори захираҳои меҳнатӣ иборат аст. Фаъолияти бозорҳои ҷаҳонии ашё (мол) ва хидматрасонӣ аз тариқи созишномаи байналмилалии молҳо танзим карда мешавад. Дар ҳар бо­зори мол марказҳои савдои худӣ – «бозорҳои асосӣ» ташкил меёбанд, ки нархи онҳо дар савдои молҳои муайян шарти асосӣ аст. Вобаста ба тарзи ташкили савдо бозорҳо гуногун мешаванд, масалан, биржаи мол, музояда, сав­до, намоишгоҳу ярмаркаҳои байналмилалӣ ва ғайра.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

mongoli

МУҒУЛҲО

МУҒУЛҲО (худ монгол гӯянд), халқ, аҳолии асосии Республикаи Халқии Муғулистон РХМ.  Шумораашон дар Республикаи Халқии …